Камоли хирад

№ 08.07.2015

16263307033_5a7e1d7216_oНаврӯзи имсол, ки тантанаҳои шукуҳманди он бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва бештар аз 200 нафар шоиру нависандагон, зиёиёну равшанфикрони мамлакат дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ҷашни сидқу сафо, меҳру вафо буд.

Сафари мо ба шаҳри Хуҷанд дар вақти гули зардолу ба вуқӯъ пайваст. Касе дар баҳорон майли сафари Хуҷанд дошта бошад, кӯшиш мекунад, сафараш ҳангоми гули зардолу ба вуқӯъ бипайвандад. Гули зардолу, ки дар боғистони шукуфони Хуҷанд монанди баҳри бекарон мавҷ мезад, ба дил суруру шодӣ мебахшид. Мо дар тантанаҳои наврӯзии маҳаллаи Сари баланд ширкат намуда, аз рӯҳи болидаю наврӯзгоҳи писандидаи хуҷандиён як ҷаҳон таассуроти тоза гирифтем. Ҳар як соату дақиқаи ин сафару ин тантанаҳои наврӯзӣ ба қалбу рӯҳ таъсири фаромӯшнопазир дошт, аммо бисёр лаҳзаҳое буданд, ки аз ташаккулёбии миллат башорат медоданд. Ифтихори миллию ватандорӣ, тозагии забони гуфтугӯ, табассумҳои  ширин дар лабҳои мизбонон, ки аз пойдории Ваҳдати миллӣ башорат медоданд, ба ҷону дил асар мекарданд ва ашки шодӣ беихтиёр дар чашмон ҳалқа мезад.

Мардуми шарифи Хуҷанди бостонӣ ба пешвози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада буданд. Ин садоқати беолоиш бурҳони он аст, ки халқи азиз Сарвари хирадманду ваҳдатпарвари хешро дӯст медорад, ҳамчунон ки ин Сарвари оқил халқи хешро дӯст медораду азиз медонад.

Оре,

Марде, ки мадори Тоҷикистон бошад,

Қалбаш ҳама кони шону имон бошад.

Маҳбуби дили мардуми Раштон бошад,

Бисёр азизи Суғду Хатлон бошад,

Чун кӯҳи сахобахши Бадахшон бошад,

Бунёдгузори Ваҳдатистон бошад,

В-андар тани сулҳпарварон ҷон бошад,

Фархундапай Эмомалӣ Раҳмон бошад.

Рӯзи дигар моро ба Боғи миллии Ваҳдат бурданд. Ин боғи ҳафтсадгектараест, ки соли 2008 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда буд.

Шукр, он рӯзи саиду бобарор дар бунёди боғи нопайдоканор мо ҳам ширкат доштем. Он рӯз лаҳза ба лаҳза дар ёдам сабт шудааст. Раҳораҳ фикр мекардам ва мегуфтам, ки оё дарахтони шинондаи мо самар оварда бошанд? Оё ниҳолҳои шинондаи худро мешинохта бошем?

- Дастниҳол он қадар ширин аст, ки онро баъди сад сол ҳам мешиносӣ, — гуфт донишманди маъруфи соҳаи боғдорӣ Тилло Бобоев.

Бо чунин андешаҳои гуворо ба боғи миллӣ расидем. Пешвои миллат пешопешу аҳли адабу фарҳанг ҳамроҳ аз як гӯшаи боғ бо роҳи мумфарш, ки ду тарафашро ниҳолони сӯзанбарги сабзгун оро медоданд, суҳбаткунон ба гӯшаи дигари боғ мерафтем.

Ҳар як сухани Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳикмате дошт ва барои адиби нуктадон мавзӯи асареро ба миён меовард. Аснои суҳбат вазиши шамол шиддат гирифт ва гулафшонии ниҳолони зардолу бештар гардид. Ҳозирин аз рехтани зиёди барги зардолу ошуфтахотир гаштанд. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон инро дарк намуда, гуфтанд:

- Яке аз сабабҳои рушди зардолупарварӣ дар Суғд ҳамин шамол аст, ки дар вақти гул мевазад ва боиси гардолудшавии ниҳолон ва фаровонии ҳосили зардолу мегардад. Дар боғ аз он пашшаҳое, ки соли 2008 ҳангоми ниҳолшинонӣ ҳар лаҳза ба сару рӯи ҳашарчиён нишаста, ба пешравии кор халал мерасониданд, асаре набуд. Ҷаноби Олӣ дар рафти суҳбаташон ба ниҳолҳои сабзгуни ду тарафи роҳ ишора намуда, гуфтанд, ки ҳар ҷое ин дарахт бошад, аз пашша осоре намемонад.

Инак, ба мавзее расидем, ки аввалин ниҳолони ин боғистони пурсамар шинонда шуда буданд. Дар он рӯзи босафою пурбаракат — баҳори соли 2008 Ҷаноби Олӣ нахустин ниҳолонро шинонданд ва ҳар яки мо — аҳли адабро ба ниҳолшинонӣ даъват карданд. Мо низ бо нияти нек ба ниҳолшинонӣ машғул шудем. Чун аз ниҳолшинонӣ фориғ гаштем, Ҷаноби Олӣ ба собиқ раиси вилояти Суғд, Сарвазири ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфтанд:

- Мо дар он боғ бо аҳли адаб суҳбатро идома медиҳем, — зардолузори шукуфонеро нишон доданд ва мо ба сӯи он боғи шукуфон раҳсипор шудем. Он рӯз Ҷаноби Олӣ то бегоҳ бо аҳли адаб суҳбат карданд. Мавзӯи асосии суҳбат ободии Ватан, таҳкими Ваҳдати миллӣ, тозагии забон, рушди адабиёт буд. Ҳар касе аз аҳли нишаст ба суҳбат ҳамроҳ мешуд ва мулоҳизоти хешро баён мекард. Шояд дар таърих чунин ҳолат кам рух дода бошад, ки Сарвари давлат як рӯзи пурра бо аҳли қалам ин қадар озодонаю хоксорона суҳбат ороста бошад. Ин суҳбати таъсирбахшу пурсамар дар хотири мо абадӣ нақш бастааст.

Ин рӯз ҳам Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суҳбати хотирмон доир намуд. Суҳбат дар чойхонаи муҳташаме, ки соли 2008 дар хузури аҳли адаб Ҷаноби Олӣ санги асосашро гузошта буд, баргузор гардид.

Баъди суҳбати тӯлонию пуртаъсир мо ба сӯи қароргоҳи худ, ки дар Осоишгоҳи «Баҳористон» воқеъ гашта буд, раҳсипор шудем. Бори дигар ба боғи шукуфону доманфарох бо ҳавас назар афкандаму ба дил гуфтам: — Кадом ниҳоле, ки дар назарам азиз намояд, он дастниҳоли ман аст. Чун ба боғ нигаристам, ҳама ниҳолон бароям азиз менамуданд. Пас ҳамаи онҳо аз мананд? Оре, ҳамаи онҳо аз ман, аз мо, аз миллати мо ҳастанд. Бо ҳавас ба боғи шукуфон назар мекардаму беихтиёр он дашти лабташнаро, ки ҳафт сол пеш дида будам ва нахустин ниҳолонашро Сарвари хирадманди миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинонда буд, пеши назар омад ва ин ҳикмати бузургон беихтиёр вирди забонам шуд: «Назари подшоҳ ин сирест, ки ба ҳар чӣ мерасад, ӯро кимиё мегардонад».

Воқеаи дигари фаромӯшнопазир ширкат дар чорабиниҳои наврӯзии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ буд. Дар соҳили дарёи Сайҳун ин маҷмаа ба хотири фарзанди баруманди миллат ва ифтихори форсизабонони олам Камоли Хуҷандӣ бунёд шудааст. Он рӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз рӯи муҷассамаи барқади Камоли Хуҷандӣ бардошт. Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки мазори аз Табрез овардашудаи Хоҷа Камолро ба Хонаи рамзии ӯ гузошт.

Президенти муҳтарам дар ин чорабинии фарҳангӣ суханронӣ кард. Ҳангоми шунидани ин маърӯзаи пурарзиш бадоҳатан ин байтҳоро иншо намудам:

Камоли баркамол омад ба Хуҷанд,

Хирад омад, ҷалол омад ба Хуҷанд.

Камоле, к-аз ғарибӣ нола мекард,

Сиришки дидаҳоро жола мекард.

Ба мулки соҳибистиқлол омад,

Ба зери партави иқбол омад.

Ман дар мақолаи «Реша дар дили халқ» нигошта будам, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон на танҳо фирориёни ҷанги шаҳрвандӣ, балки ҳафтод пушти миллатро соҳибӣ мекунад ва ба Ватан бармегардонад. Баъди солиёни зиёди ғарибӣ ба Ватан овардани хоки мазори Хоҷа Камол далели навтарини гуфтаҳои болост.

Баъди тамошои барномаи фарҳангии басо баландмазмуну дилнишини хуҷандиён мақбараи Хоҷа Камолро зиёрат карда, ба тамошои Хонаи рамзии ин шоири бузург рафтем.

Сафари Суғд бори дигар тантанаи Ваҳдати миллиро, ки бунёдгараш Сарвари хирадманди мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нишон дод.

 

Ҷумъа ҚУВВАТ, шоир