Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
БОБИ 5
БЕЭЪТИБОРИИ АҚДИ НИКОҲ
Моддаи 28. Беэътибор донистани ақди никоҳ
1. Дар сурати вайрон кардани шартҳои дар моддаи 12, 14 ва қисми 3 моддаи 15 ҳамин Кодекс, инчунин дар мавриди бастани ақди никоҳи қалбакӣ, яъне агар зану шавҳар ё яке аз онҳо ақди никоҳро бе нияти бунёди оила сабт карда бошанд, ақди никоҳ беэътибор дониста мешавад. Ақди никоҳе, ки маҷбурӣ ё бо роҳи фиреб баста шудааст, тибқи аризаи ҷабрдида ё прокурор беэътибор дониста шуданаш мумкин аст.
2. Ақди никоҳ аз ҷониби суд беэътибор дониста мешавад.
3. Суд вазифадор аст, ки дар муҳлати се рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи беэътибор донистани ақди никоҳ иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали бақайдгирии давлатии ақди никоҳ фиристад.
4. Ақди никоҳ аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор дониста мешавад.
Мувофиқи моддаи 28-31 КО ҶТ агар ақди никоҳ бе розигии никоҳшавандагон ё яке аз онҳо, вайрон кардани синну соли никоҳӣ, принсипи якканикоҳӣ, байни аҷдоду авлод, бародарону хоҳарони ҳамтана, байни ба фарзандӣ қабулкардагон ва қабулшудагон, байни шахсоне, ки ақаллан яке аз онҳоро суд бо сабаби касалии рӯҳӣ ё сустақлӣ ғайри қобили амал эътироф кардааст, байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст, баста шуда бошад, бо роҳи судӣ беэътибор дониста мешавад.
Дар мавридҳое ки зану шавҳар ё яке аз онҳо ақди никоҳро бе нияти барпо кардани оила баста бошанд ҳам (ақди никоҳи қалбакӣ), мумкин ақди никоҳи онҳо беэътибор ҳисоб карда шавад. Иштирокчиёни чунин «ақди никоҳ», одатан, бо мақсади ғаразнок ақди никоҳро истифода мебаранд. Барои тасдиқи фикр мисол меорем. Сокини яке аз ноҳияҳои ҷумҳуриямон М. Ҳамроеваи 23-сола ва М. Камолови 68-солаи сокини шаҳри Душанбе ақди никоҳ бастанд. Дар ҷои истиқомати зан тӯйи боҳашамате барпо гардид ва онҳо ба пойтахт омада, ҳаёти оилавиро оғоз намуданд. Вале хушиҳои оилавии онҳо дер давом накард. Пас аз се моҳи хонадоршавӣ С. Ҳамроева ба Суди ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳозира ноҳияи Шоҳмансур)-и шаҳри Душанбе муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ақди никоҳи онҳо беэътибор ҳисобида шавад. Суд ин масъаларо дида баромада, ба чунин хулоса омад, ки М. Ҳамроева ақди никоҳро бо нияти соҳиби манзили дар Душанбе буда бастааст. Аз ин рӯ, суд ақди никоҳи онҳоро беэътибор ҳисоб намуд ва М. Ҳамроева аз ҳуқуқи гирифтани манзил маҳрум карда шуд. Шояд суоле ба миён ояд, ки барои чунин «корнамоӣ» Ҳамроева чӣ гуна ҷазо гирифт? Ҳеҷ гуна. Зеро қонунҳои мо барои бастани ақди никоҳи қалбакӣ ҷазои ҷиноиро пешбинӣ накардааст. Агар дар КҶ-и ҷумҳурӣ доир ба ин кирдор ҷазои ҷиноӣ муқаррар карда шавад, ин гуна ҳодисаҳо кам мегарданд. Ақди никоҳи қалбакӣ ба табиати сохти ҷамъияти мо зид буда, аз паст будани шуурнокӣ ва фарҳанги ҳуқуқии баъзеҳо гувоҳӣ медиҳад. Бо қайди чунин ақди никоҳ иштирокчиёнаш ба шаъни оила доғ меоранд. Дар натиҷа, баъзан ҳуқуқ ва обрӯю эътибори шахсони бегуноҳ поймол мегардад.
Мувофиқи қисми якуми моддаи тафсиршаванда ақди никоҳе, ки бо роҳи маҷбурӣ ё фиреб ба вуҷуд омадааст, бо аризаи шахси ҷабрдида ё прокурор беэътибор эътироф карда шуданаш мумкин аст.
Фиреб додани як шахс маънои қасдан гумроҳ кардани шахси дигарро дорад. Фиреб барои он истифода бурда мешавад, ки аз тарафи дигар ба бастани ақди никоҳ водор сохта шавад, ба ӯ дар бораи шартҳои ақди никоҳ, ки барои тарафи фиребхӯрда муҳиманд, тасаввуроти нодуруст ҳосил шавад. Фиреб метавонад ҳам аз тарафи яке аз ҳамсарони оянда, ҳам аз тарафи шахси сеюм сар занад, ки ин нақшро аксар вақт падар, модар ё шахсони наздики тарафи манфиатдор иҷро менамоянд ва онҳо ба ҳамин мақсад забон як мекунанд. Моҳияти фиреб аксар вақт аз он иборат аст, ки дар бораи мавҷуд будан ё набудани вазъиятҳои гуногун изҳороти бардурӯғ дода мешавад ва ин вазъиятҳо барои беэътибор донистани ақди никоҳ нақши муҳим мебозанд.
Байни ақди никоҳи бо роҳи фиреб басташуда ва ақди никоҳи қалбакӣ фарқ аст. Ақди никоҳи қалбакӣ ҳама вақт барои намоиш ва бе мақсади бунёди оила баста мешавад. Бо роҳи фиреб бошад, ақди никоҳ мақсаднок буда, тарафи дигарро гумроҳ кардан аст. Фиреб асосан дар аризаи бардурӯғ ифода меёбад ва тарафи дигар аз ин дертар огоҳ мешавад. Ақди никоҳи қалбакӣ аз ақди никоҳи бо роҳи фиреб басташуда аз рӯи оқибатҳояш низ фарқ дорад. Гарчанде ҳар ду ақди никоҳ беэътибор ҳисоб карда мешаванд, тарафҳои ақди никоҳи аввал бе ҷазо халос мешаванд. Дар ақди никоҳи дуюм бошад, яке аз тарафҳо зарари маънавӣ мебинанд. Хуб мешуд, ки агар дар КҶ ҶТ ба бастани чунин ақди никоҳ ҳам ҷавобгарии ҷиноятии шахсони гунаҳкор муқаррар карда мешуд.
Чӣ тавре ки зикр карда будем, ақди никоҳи бо роҳи маҷбуркунӣ басташуда ҳам беэътибор аст.
Беэътибор эътироф карда шудани ақди никоҳе, ки ба он шахси ба синни никоҳӣ нарасида даромадааст, ба шарте мумкин аст, ки агар онро манфиати шахси то синни никоҳӣ нарасида талаб намояд. Дар ин ҳолат барои беэътибор ҳисоб кардани ақди никоҳ падару модар, васӣ ва парастори шахси ноболиғ, инчунин мақомоти васояту парасторӣ ё прокурор ҳуқуқи муроҷиат карданро доранд. Бояд гуфт, ки дар баъзе ҳолатҳо ақди никоҳ бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида дар натиҷаи хунукназарӣ ё суиистеъмол аз мансаб аз ҷониби коркунони мақомоти САҲШ ва ҷамоатҳои деҳот ё шаҳрак ба қайд гирифта мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки баъзан худи никоҳшавандагон бо роҳҳои қалбакӣ синну солро дар шиноснома ё дигар ҳуҷҷатҳо дигар мекунанд. Дар ин мавридҳо ақди никоҳ бояд беэътибор дониста шавад.
Вайрон кардани принсипи якканикоҳӣ (моногамия) яке аз асосҳои васеъ паҳн шудани беэътибор ҳисоб кардани ақди никоҳ ба шумор меравад. Принсипи якканикоҳӣ вайроншуда ҳисобида мешавад, сарфи назар аз он ки шахс ҳангоми бастани ақди никоҳ аз зиддиқонунӣ будани ҳаракати худ воқиф аст ё не. Чунонки қайд намуда будем, барои вайрон кардани принсипи якканикоҳӣ шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки баъзан то лаҳзаҳои ҳал кардани парванда асосҳои барои беэътибор ҳисоб кардани ақди никоҳ сабабшуда аз байн мераванд. Масалан, ҳангоми ҳал кардани парванда зан ё шавҳари ноболиғ ба балоғат расидааст. Дар ҳамин асно дигар хусусиятҳое, ки барои ақди никоҳ мамониат мекарданд, аз байн мераванд. Суд ҳуқуқ дорад, ки ин ақди никоҳро аз лаҳзаи аз байн рафтани ҳолатҳо эътиборнок ҳисобад. Ин қоидаро дар назарияи ҳуқуқи оилавӣ санатсияи (азнавбарқароркунии) ақди никоҳ меноманд. Татбиқи ин қоида на ҳама вақт ба талаботи қонун мувофиқат мекунад, зеро сабабҳои барои ақди никоҳ монеашавандае вуҷуд доранд, ки ҳеҷ гоҳ аз байн намераванд. Масалан, бародарию хоҳарӣ, муносибати аҷдодиву авлодӣ, ба фарзандӣ қабулкардагон ва қабулшудагон. Агар ҳангоми бастани ақди никоҳ чунин монеаҳо вайрон шуда бошанд, ақди никоҳ доимо беэътибор ҳисобида шуда, қоидаи санатсия татбиқ карда намешавад.
(Давом дорад)