КӮЛОБ. ( Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал дар доираи нақшаи қабули сайёри шаҳравандон ба шаҳри Кӯлоб омада, дар толори қароргоҳи раиси вилоят гурӯҳи шаҳрвандони шаҳру ноҳияи мазкурро ба ҳузур пазируфт. Шаҳрвандон Ҳуснигул Муродова, Зайнаб Назарова, Қаламнисо Сафарова, Тамара Одинаева, Назокат Фахриева, Анварҷон Бобоев, Ҳайдар Талбаков, Давлат Эмомов, Исоҷон Саидов, Сафаралӣ Сарахонов ва дигарон, ки шумораи умумиашон ба 16 нафар мерасид, ба раиси вилоят дархостҳояшонро пешниҳод намуданд. Ғайбулло Авзал ҳар як нафари ба қабул омадаро бодиққат шунида, ба масъулин супориш дод, ки дар ҳалли мушкилоти онҳо ба таври таъҷилӣ мусоидат намоянд.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон