Нуҳуми июли соли ҷорӣ таҳти раёсати Амирзода Раҳмоналӣ Амир ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия баргузор шуд. Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасониҳои маишӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ворид гардида буд.
Раиси кумита Амирзода Раҳмоналӣ Амир масъалаҳои пешниҳодгардидаро муфассал шарҳ дод.
Сипас, аъзои кумита фикру мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаҳои мазкур баён карданд.
Баъди андеша ва муҳокимарониҳо оид ба масъалаҳои баррасишуда хулосаҳо қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум».
Суратгир А. Исоев