Бегоҳии рӯзи 9 июли соли 2015 дар шаҳри Уфа — пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо» баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар як вақт ва як ҷо ба ҳам омадани сарони давлатҳои аъзои ин се созмон бори нахуст сурат мегирад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилу монеаҳои глобалӣ, ки садди роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мегарданд, ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки монеаи асосӣ дар ин роҳ амиқ рафтани буҳрони озуқаворӣ, энергетикӣ, молиявию иқтисодӣ ва ҳамчунин гармшавии иқлими сайёра мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон бунёди манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла иншооти гидроэнергетикӣ, рушди иқтисоди аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ки маъмулан «иқтисоди сабз»-аш меноманд ва ҳамчунин фаъолияти бемонеаи шабакаҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли миллию минтақавиро аз шартҳои асосии рушди устувори ҷаҳонӣ номид.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ба кишварҳое, ки дастрасии мустақим ба роҳҳои баҳрӣ надоранд, расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор басо мушкил аст. Аз ин хотир, таъкид гардид, ки дастгирии кӯшишҳои чунин кишварҳо дар самтҳои бунёди зербинои муосири ҳамлу нақли миллию минтақавӣ, диверсификатсияи иқтисод ва робитаҳои байналмилалӣ бояд аз ҷумлаи афзалиятҳои асосӣ бошанд.
Суҳбати ғайрирасмии сарони давлатҳои ин се созмони бонуфуз дар фазои дӯстию созандагӣ ҷараён гирифт. Зимни бисёр андешарониҳо, аз ҷумла изҳори умед карда шуд, ки чунин ҳамоишҳо паёмадҳои нек хоҳанд дошт.
Ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, 10-уми июл дар ҳамин ҷо баргузор хоҳад шуд.
www.president.tj