Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии нефту техникаи Уфа сарфароз гардид

№93 (3394) 11.07.2015

19524786911_666e0d4a2c_oДар Ҷумҳурии Бошқирдистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи давлатии нефту техникаи Уфа ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии Федератсияи Россия мулоқот намуд.

Дар оғози вохӯрӣ ректори донишгоҳ Рамил Бахтизин пас аз маросими пазироию хайра мақдам сухан гуфта, қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии нефту техникаи Уфаро дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрӣ» қироат намуда, аз ҷумла, чунин гуфт: «Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар рушди муносиботи ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ ва мусоидати фаъол ба густариши робитаҳои илмию таҳсилотӣ ба чунин қадрдонии олӣ ноил мегардад.».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ректори Донишгоҳи давлатии нефту техникаи Уфа Рамил Бахтизин ва аъзои Шӯрои илмии донишгоҳ барои чунин қадршиносии баланд арзи сипос намуда, ба онҳо комёбию дастовардҳои нав дар роҳи рушди илму таҳсилот ва таҳкими робитаҳои анъанавии Тоҷикистону Россия таманно кард.

Сарвари давлат ҳамчунин ба донишҷӯёни тоҷики дар ин донишгоҳи обрӯманд таҳсилкунанда муроҷиат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосири соҳаи ҷустуҷӯй, истихроҷ ва коркарди нефт, ки барои ояндаи Тоҷикистон басо муҳим аст, ҳидоят кард.

www.president.tj