ХУҶАНД. ( Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар кӯчаи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд филиали бемористони ибни Сино ба фаъолият оғоз намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он раиси вилоят Қоҳир Расулзода иштирок дошт. Филиали бемористон дар шаҳри Хуҷанд дар марҳилаи аввал аз бахшҳои ташхисии кардиологӣ, урологӣ, амрози занона иборат буда, дорои утоқҳои озмоишӣ ва рентгенӣ низ мебошад.
Дар ин марказ 15 кати хоб мавҷуд буда, 15 нафар мутахассисони соҳа фаъолият хоҳанд кард. Моҳи январи соли ҷорӣ филиали ин дармонгоҳ дар шаҳри Панҷакент ифтитоҳ ёфта буд.