Ҳаштуми июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия, шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Уфа Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия Рустам Хамитов, Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев, намояндагони баландпояи мақомоти марказии Федератсияи Россия ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Худи ҳамон рӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва вохӯриҳо бо роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии нефту техникаи Уфа ва бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикону ҳамватанони муқими Россия барпо гардиданд.
Зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуда, чанд мулоқоти дигари дуҷониба, аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай анҷом хоҳад дод.
www.president.tj