Нуҳуми июли соли 2015 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ баргузор гардид.
Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин ворид шуданд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳр», «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳия», «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳия» ва «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Вахш».
Раиси кумита М. Имомов масъалаҳои барои баррасӣ пешниҳодшударо таври алоҳида шарҳу эзоҳ дод.
Аъзои кумита низ оид ба масъалаҳои мазкур фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда хулосаҳо қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Суратгир А.ИСОЕВ