Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ҳиндустон

№94 (3395) 13.07.2015

11709778_864405276962993_3973657443080175234_oСенздаҳуми июли соли 2015 баррасии масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди оғоз ёфта, зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модиро бори дигар хайра мақдам гуфта, аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи ду кишвари дӯст изҳори қаноат кард.

Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди бо таваҷҷуҳ ба мақоми муносиби Тоҷикистон дар муносиботи хориҷии кишвараш изҳори бовар намуд, ки сафари давлатиаш ба Тоҷикистон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои ду кишвар нақши намоён мегузорад.

Аз вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии миёни Тоҷикистону Ҳиндустон, ки иборат қариб аз 60 санади байниҳукумативу байниидоравӣ мебошад, изҳори қаноат карда шуд.

Барои татбиқи босамари санадҳои амалкунанда ва тавсеаи робитаҳои судбахши минбаъда фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарур дониста шуд.

Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа ва энергетика, ҳамзамон изҳори бовар карда шуд, ки минбаъд робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ низ тавсеаи бештар пайдо мекунанд. Таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва иштироки ширкатҳои Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон аз ҷумлаи роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодӣ номида шуд.

Ба рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёси нақлиётию энергетикӣ, ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва ҳамлу нақлии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронида шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа, аз ҷумла дар самти муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгаройӣ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Ҳамчунин доир ба як зумра масоили дигари минтақавию ҷаҳонӣ ва мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ се санади нав дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, маориф ва фарҳанг ба имзо расонида шуд. Чунончӣ, Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи густариши шарикӣ; Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба таъсиси лабораторияҳои компютерӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон; «Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар барои солҳои 2016-2018» имзо шуданд.

Бояд гуфт, ки ба имзо расидани санадҳои нав дар татбиқи амалии имконоти фаровони истифоданаёфтаи густариши ҳамкории гуногунарсаи ду кишвар қадами заруру муҳим хоҳад буд.

Зимни изҳороти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои ду кишвари дӯст баҳои баланд доданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки «мо аз он қаноатмандем, ки байни роҳбарияти ду давлат сатҳи баланди эътимод ва ҳамраъйӣ таъмин гардида, ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба пайгирона густариш меёбад».

www.president.tj