Бунёдкориҳо идома меёбанд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, гуфт, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ таваҷҷуҳи бештар ба соҳаи саноат равона карда шуд.
- Мо дар назди худ вазифа гузоштем, ки давоми солҳои 2014 — 2016 бояд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоятро ду маротиба афзоиш дода, онро аз 2,9 миллиард сомонии соли 2013 дар соли 2016 то 4,9 миллиард сомонӣ расонем. Иҷрои ин барнома имкон медиҳад, ки сатҳи иқтисодии вилоят баланд гардида, мардум бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шаванд.
Таъкид гардид, ки ҳоло дар вилояти Суғд бунёди корхонаҳои азиме чун «Ғаюр — семент», коргоҳи заршӯйии КМ «Зарафшон», корхонаи «Броадтек» ва ғайраҳо идома доранд, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтанашон садҳо нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин мешаванд. Инчунин дар вилояти Суғд соли ҷорӣ 170 корхона бо 5300 ҷои корӣ бунёд мешавад. Падидаи фараҳбахш дар нимсолаи аввали соли 2015 он аст, ки нахустин бор маҳсулоти ҶСП «Оби Зулол»-и шаҳри Истаравшан ба давлати Кувайт содирот шуд ва интизор меравад, ки дар оянда ҳаҷми содироти маҳсулоти ин корхона ба дигар кишварҳо низ ба роҳ монда шавад. Илова бар ин, соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой ният доранд, ки Корхонаи азими маъдантозакунии «Адрасмон» -ро, ки аз фаъолият мондааст, харидорӣ ва мавриди истифода қарор диҳанд. Дар нимсолаи дуюм ҳамчунин роҳандозии Корхонаи «Кабоол-тоҷик-текстайлз», ки барои коркарди пахта пешбинӣ шудааст, низ дар назар аст. Дар ин корхона беш аз 500 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин оид ба татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2015 – соли роҳҳои обод», бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони хонашин ва таъсиси хоҷагиҳои нав сухан ронда, аз ҷумла зикр кард, ки имрӯз дар вилоят 61772 адад хоҷагиҳои гуногуни кишоварзӣ фаъолият доранд, ки аксари онҳо хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ҳастанд. Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ имкон дод, ки сафи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд коҳиш ёбад ва мардум дар Ватан соҳиби ҷои кор шаванд.Танҳо дар соли 2014-ум 42 ҳазор нафар ва дар ним соли 2015-ум 22 ҳазор нафар аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар даст кашидаанд.
Таъкид шуд, ки кишоварзони вилояти Суғд дар нимсолаи якум 100 ҳазор тонна сабзавоти гуногунро ба хориҷи кишвар содирот намудаанд.
Дар самти таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ низ дар соли 2015 пешравиҳо назаррасанд. Гуфта шуд, ки таъминот бо оби полезӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Панҷакент, Спитамен, Мастчоҳу Зафаробод нисбати солҳои пешин бамаротиб беҳтар гардидааст.
А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»
Муносибат ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ҷиддист
Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Дӯстмурод Ҳайит дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2015 маълумоти муфассал дод.
Дар ин давра ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 497 арзу шикоятҳои шаҳрвандон ворид гашта, аз онҳо 466 ададашон ҳал шуда, 31 адади дигар мавриди баррасӣ қарор доранд.
Аз муроҷиатҳои баррасишудаи шаҳрвандон 157 адад нисбати ҳаракатҳои судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо, 149 адад оид ба сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳо, 35 адад оид ба норозӣ будан бо санадҳои судӣ, даҳ адад оид ба иҷро нашудани санадҳои судӣ, 110 адад доир ба самтҳои дигари фаъолияти судҳо мансуб буда, аз онҳо панҷ адад аз рӯи тобеият ба дигар мақомот ирсол гардиданд.
Бо дарназардошти малакаи касбӣ ва собиқаи корӣ бо пешниҳоди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми муҳлати фавқуззикр бо Фармони Президенти мамлакат 111 нафар судяҳо аз як суд ба суди дигар гузаронида, 49 нафар бори аввал ба вазифаи судя таъин шудаанд.
Дар охири нишасти матбуотӣ байни намояндагони воситаҳои ахбори омма ва роҳбарияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саволу ҷавоб ва баҳсу андешаронии ошкоро сурат гирифт.
С. УМАРОВ, «Садои мардум»