Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун
15 июли соли 2015, шаҳри Роғун
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ба кулли сокинони сарбаланди шаҳри Роғун барои истиқболи гарму самимӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Давлат ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, барои амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои созандаашон дар ҷодаи ободу пешрафта гардонидани ин гӯшаи зебои диёрамон барори кор орзумандам.
Инчунин ҳамаи устодону шогирдон ва падару модарони азизро ба муносибати оғози фаъолияти боз як даргоҳи нави таълиму тарбия — муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами дуюми шаҳри Роғун самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустиву хушбахтӣ ва хониши хубу аъло орзу менамоям.
Бо дарназардошти он ки аз мулоқоти охирини мо бо сокинони заҳматдӯсти шаҳр чандин сол гузашт, ҳоло мехоҳам бо истифода аз фурсати муносиб бо шумо, роҳбарону фаъолон ва намояндагони аҳолии шаҳри Роғун, масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Имрӯзҳо дар доираи дастгириҳои доимии Давлату Ҳукумати мамлакат ва азму талоши мутахассисони ватанӣ бунёди бузургтарин иншооти шаҳр — Неругоҳи барқи обии «Роғун» босуръат идома дорад.
Тавре ки ман борҳо таъкид кардаам, пешрафту тараққиёти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишварамон ба бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ ва дар навбати аввал Неругоҳи барқи обии «Роғун» вобаста мебошад ва маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеият мо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон эълон намудем.
Аксари сокинони мамлакат хуб дар хотир доранд, ки ман ҳанӯз рӯзҳои аввали роҳбариам, бо вуҷуди вазъи ноороми кишвар ва идома доштани мухолифатҳои мусаллаҳона, таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат эълон карда будам.
Албатта, дар он солҳои ноорому вазнин захираҳои молиявӣ ва имкониятҳои моддиву техникии ба анҷом расонидани вазифаҳои дар самти бунёди иншооти энергетикӣ муайяншуда вуҷуд надоштанд, вале бо вуҷуди ин, аз ҷониби мутахассисон нақшаи татбиқи онҳо барои ояндаи наздик омода карда мешуданд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур тадриҷан эътимоди мардуми кишварро ба ояндаи соҳаи энергетикаи мамлакат ва рушди устувору бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар тақвият бахшид.
Илова бар ин, Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор аст ва кӯҳҳои осмонбӯсу ҳамеша барфпӯши он дорои сарвати фаровону бебаҳо — оби рӯдхонаҳои пуртуғёни кӯҳӣ мебошад. Маҳз истифодаи босамари ҳамин сарвати гаронбаҳо метавонад яке аз омилҳои муҳими таъминкунандаи зиндагии шоистаи мардуми кишварамон бошад.
Шаҳри Роғун дуюмин шаҳри энергетикии мамлакат аст, ки дар домани қаторкӯҳҳои зебои диёрамон ҷойгир буда, имрӯзҳо номи он вирди забони хурду бузурги кишвар мебошад. Аз мушоҳидаҳои имрӯза бармеояд, ки баъди сафари кории Роҳбари давлат дар соли 2012 дар самти ободонии шаҳри Роғун хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Дар ин давра сохтмони панҷ мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ ба анҷом расида, ҳоло мавриди истифода қарор доранд. Ҳамзамон бо ин, сохтмони боғи фарҳангу фароғат дар маркази шаҳр, осорхона, маркази эҷодии бачагона, китобхона, мактаби мусиқӣ, идораи фарҳанг, меҳмонхона, намояндагии «Ориёнбонк» ва суди шаҳрӣ ба анҷом расида, роҳҳои дохилии шаҳри Роғун ва шаҳраки Обигарм таъмир карда шудаанд.
Илова ба ин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони пул дар деҳаи Қади Об, таъмири роҳи шашкилометраи деҳаи Ҷавонӣ ва бунёди хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Чашмаи Кулло ба масофаи беш аз ҳафт километр ба анҷом расонида шуд.
Бо маблағгузории шарикони рушд сохтмони хатти оби нӯшокӣ дар 11 деҳаи шаҳр, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Чашмаи Кулло, сехи дӯзандагӣ ва таъмири бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Қандак, Деҳқонобод, Фаррух, бунёди коргоҳи коркарди мева дар деҳаи Дебистон ва таъмири шабакаи гармидиҳии мактаби таҳсилоти умумии рақами 28 амалӣ гардидааст.
То охири соли ҷорӣ азнавсозии Қасри фарҳанг, бунёди боғи истироҳатии ба номи Исмоили Сомонӣ, барқарорсозии нуқтаҳои равшанидиҳандаи майдони асосӣ ва кӯчаҳои шаҳри Роғун ба нақша гирифта шудааст.
Имрӯзҳо амалисозии даҳ лоиҳа, аз ҷумла сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Луғур, таъмири бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Қалъаи Нав ва Қади Об, бунёди хатти оби нӯшокӣ дар якчанд деҳаҳои шаҳр ва шабакаи гармидиҳии чандин мактабу боғчаҳои бачагона идома дошта, то охири сол ба анҷом расонида мешавад.
Боиси қаноатмандист, ки раванди корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр дар муқоиса бо солҳои гузашта чандин баробар афзуда, то имрӯз аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша як қатор иншоот, аз ҷумла мактаби ибтидоӣ дар деҳаи Майдони Нав, марказҳои хизматрасонӣ, сехи дӯзандагӣ ва ду толори варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Тайи солҳои 2012 — 2014 ва шаш моҳи аввали соли 2015 бо мақсади таъмир ва дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди шаҳри Роғун аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ду миллион сомонӣ равона карда шудааст. Ҳамзамон бо ин, дар ин давра дар шаҳри Роғун панҷ лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маорифу кишоварзӣ, таъмини оби нӯшокӣ, шуғли аҳолӣ ва ободонии маҳал ба маблағи умумии беш аз 57 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.
Ҳоло дар шаҳри Роғун ҳафт лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми шаҳр амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо беш аз 120 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар давоми солҳои 2012-2014 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва сармоягузорон барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Роғун 24 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.
Айни ҳол таҳияи барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр барои солҳои 2016 — 2020 идома дошта, дар доираи он таъмири роҳҳои мошингарди дохилӣ, барқарор намудани шабакаҳои обрасонӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ, харидории техника барои хоҷагии манзилию коммуналӣ, сохтмони иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ, инчунин дигар иншооти зарурӣ ба нақша гирифта мешавад.
Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадоранд, ки дар барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ба масъалаи ба кор даровардани иқтидорҳои маҳаллӣ эътибори ҷиддӣ дода, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои аз дигар сарчашмаҳо барои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаи рушди шаҳр пешбинишавандаро таъмин намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Гарчанде шаҳри Роғун шаҳри сохтмончиёну энергетикҳо аст, вале ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ, махсусан боғпарварию растанипарварӣ, чорводорию картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ дар самти таъмини қувваи қобили меҳнат бо ҷойи кори доимӣ ва муассисаҳои таълимию нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳр бо маҳсулоти тару тозаи истеҳсоли худӣ хеле назаррас мебошад ва метавонад барои рушди иқтисодии шаҳр нақши муассир бозад. Зеро аҳолӣ ва муассисаҳои хӯроки умумии шаҳр ба маҳсулоти зикршуда эҳтиёҷи доимӣ доранд ва табиист, ки ин талабот сол аз сол афзоиш меёбад.
Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун вазифадоранд, ки доир ба истифодаи самараноки заминҳои кишт ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар ҷараёни сафари кории имрӯза мо бо рӯзгори мардум, рушди бахшҳои гуногун, аз ҷумла бо вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, шинос гардида, итминон ҳосил намудем, ки барои пешрафти шаҳри Роғун, мисли дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон, имконияту заминаҳои мусоид мавҷуданд ва танҳо зарур аст, ки роҳбарону мутахассисон, фаъолон ва ҳамаи сокинони шаҳр ба масъалаи ободонии диёри худ бо азму талоши ватандӯстона ва масъулияти баланд муносибат намоянд.
Дар ояндаи наздик шаҳри Роғун бояд ба яке аз марказҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва муаррификунандаи маданияти баланди меҳмоннавозии тоҷикон табдил дода шавад. Зеро минбаъд таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин мавзеъ торафт зиёд мегардад ва бо ин мақсад лозим аст, ки бо истифода аз обҳои шифобахш ва табиати зебои диёр доир ба фароҳам овардани шароити муосир барои рушди сайёҳӣ мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.
Давлат ва Ҳукумати кишвар то имрӯз дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф, алалхусус зиёд намудани теъдоди мактабҳои наву муҷаҳҳаз бо техникаву технологияҳои муосир, тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, фароҳам овардани шароит барои тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла варзиш ва тарбияи хонандагони лаёқатманди дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ватандӯсту ватанпарвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.
Дар шаҳри Роғун ҳоло 46 муассисаи таълимӣ, коллеҷи муҳандисӣ-техникӣ, гурӯҳи мақсадноки коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, мактаб — интернати бачагони болаёқат, хонаи кӯдакон ва Маркази эҷодии кӯдакону наврасон ба таълиму тарбияи насли наврас ва омода кардани мутахассисон машғул мебошанд.
Дар баробари ин, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун» дар ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ ва шаҳри Турсунзода то оғози соли хониши имсола чор муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки дар онҳо барои 8200 нафар хонанда шароити муосири донишандӯзӣ муҳайё карда мешавад.
Муассисаи таълимие, ки имрӯз барои 2600 нафар хонанда ба истифода супорида шуд, ба маблағи умумии қариб бисту се миллион сомонӣ қомат афрохта, аз шаш бинои таълимӣ, 33 синфхона, аз ҷумла се синфхонаи компютерӣ, утоқҳои фаннӣ, ду толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, китобхона ва ошхона, инчунин ду майдони варзишӣ иборат аст.
Яъне барои шогирдони мактаб — фарзандони онҳое, ки бузургтарин иншооти энергетикии мамлакатамонро бунёд мекунанд ва баҳрабардории ояндаи онро таъмин месозанд, ҳамаи шароити зарурии донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар ва машғул шудан бо варзиш дар сатҳи беҳтарин фароҳам оварда шудааст. Бояд гуфт, ки мактаби имрӯза низ яке аз калонтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар миқёси кишварамон мебошад.
Мо дар сиёсати ободониву бунёдкоронаамон баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва таъмини ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварро бо инфрасохтори таълимии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таҳти назорати бевосита қарор додаем.
Итминон дорам, ки мо бо кӯшишу заҳмати якҷояву аҳлона масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи соҳаи маорифи кишварамонро зина ба зина ҳаллу фасл карда, бо ҳамин роҳ ояндаи неки халқамон ва ободиву пешрафти Ватани соҳибистиқлоламонро таъмин мекунем.
Вобаста ба масъалаҳои ободиву рушди шаҳри Роғун ҳамчунин мехоҳам як масъалаи муҳимро хотирнишон созам: Бо дарназардошти он ки бо сабаби суръат гирифтани корҳои сохтмони неругоҳ талабот ба хизматрасонии тиббӣ дар шаҳри Роғун торафт зиёд мегардад, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, беҳбудии шароити муассисаҳои тандурустӣ, таъминоти онҳо бо мутахассисони зарурӣ, таҷҳизоти замонавӣ, инчунин таъмиру таҷдиди беморхонаҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ эътибори доимӣ дода, барои рафъи мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои муассир андешанд.
Мардуми сарбаланду меҳмоннавози шаҳри Роғун дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ободиву пешрафти кишварамон, ҳифзу густариши арзишҳои милливу фарҳангӣ бо хислатҳои неки ҳунармандиву меҳнатдӯстӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва меҳмоннавозиву эҳтиром ба анъанаҳои гузаштаву имрӯзаи халқамон саҳмгузорӣ менамоянд.
Бовар дорам, ки дар идомаи ин раванд ҳар як сокини шаҳр ҷиҳати амалисозии вазифаҳои муайяншуда камари ҳиммат мебандад ва камбудиву мушкилоти мавҷударо сари вақт бартараф намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон минбаъд низ саҳми арзанда мегузорад.
Дар шароити бисёр ҳассосу ноороми ҷаҳони муосир зарур аст, ки ҳамаи падару модарон, фаъолон ва аҳли зиё, умуман ҳар як фарде, ки ободиву оромии сарзамини аҷдодӣ, пешрафти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва осудагии рӯзгори сокинони мамлакатро азиз мешуморад, ба хотири ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи диёр, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, риояи волоияти қонун, омӯзиши илму ҳунарҳои замонавӣ ва расидан ба қадри соҳибихтиёриву соҳибватанӣ, ваҳдати миллӣ ва дигар арзишу дастовардҳои Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша саъю талош намоянд.
Итминони комил дорам, ки хурду бузурги шаҳри Роғун дар самти вусъат бахшидани раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва ба як мулки ободу пешрафта мубаддал гардонидани Ватани азизамон ғайрату ҳиммат ва саъю талоши худро дареғ намедоранд.
Ҳоло, ки ҳамаи мову шумо дар марҳилаи татбиқи босуръати яке аз ормонҳои деринтизори миллиамон, яъне бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» қарор дорем, ба шумо — мардуми заҳматпешаи шаҳри Роғун хонаи обод, файзу баракати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамчунин ҳамаи шумо — ҳозирини арҷманд ва кулли сокинони шаҳри Роғунро ба муносибати Иди Рамазон, ки баъди як моҳи тоату ибодат ва риёзати ҷисму рӯҳ фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хушҳоливу хушрӯзӣ ва иқболи нек мехоҳам.
Ҳамеша саодатманду пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!