Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди фитр
16 июли соли 2015, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи кушоиши дарҳои раҳмату мағфират, файзу баракат, хайру саховат ба ҳисоб меравад, бо шукри осоишу осудагӣ сипарӣ гардид ва фардо Иди саиди фитр фаро мерасад.
Фарорасии ин иди саидро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз ва кулли мусулмонони дунё табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар хонадони ҳар кадоми шумо баракати бешумор орзу менамоям.
Иди саиди фитр яке аз суннатҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусулмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти оини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор меравад, ки аз баракати истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо ба хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.
Вобаста ба ин, мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро хотирнишон созам, ки яке аз сабабҳои асосии густариши мазҳаби анъанавии мардуми мусулмони мо – ҳанафия ва маҳбубияти пири он — Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит эҳтиром ва риояи асли таҳаммулгароӣ ва мадорову муросо дар муошират ва муносибат бо дигарон мебошад.
Аз ин лиҳоз, дини мубини ислом барои мусулмонони кишвари мо ҳамчун сарчашмаи ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ ва қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳонӣ азизу гиромӣ мебошад.
Дар ҳамин замина мардуми таҳаммулгарои мо моҳи Рамазон ва Иди саиди фитрро гиромӣ медоранд, зеро ин суннатҳои муборак таҷассумкунандаи ваҳдати аҳли ҷомеа, тарғибгари дӯстиву рафоқат, эҳтирому самимият, раҳму шафқат ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии одамон буда, онҳоро, пеш аз ҳама, ба анҷом додани корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқ даъват мекунанд, ба ҳамдигар кумаку дастгирӣ карданро меомӯзонанд ва иҷрои ин суннатҳои писандидаро беҳтарин василаи ба даст овардани ризои Ҳақ мешуморанд.
Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки таълимоти дини мубини ислом саршор аз ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, аз ҷумла ҳусни муошират бо аҳли хонадон, самимияту муҳаббат ба наздикону хешу таборон, муомилаи нек бо ҳамсояҳову атрофиён, риояи аҳди бародариву мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморон ва ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону камбизоатон ва пос доштани хотири гузаштагон мебошад. Анҷом додани ин фазилатҳои хуби инсонӣ, бахусус дар моҳи шарифи Рамазон ва дар рӯзи Иди саиди фитр, ба ҳукми анъанаи нек даромадааст, ки ин иқдоми хайр, албатта, боиси таҳсину дастгирист.
Фарди мусулмон бо шукронаи зиндагии орому осуда бояд ҳар рӯз як амали солеҳу шоистаро ба анҷом расонад, то ин ки иҷрои амалҳои хайру савоб, аз қабили хайру эҳсон ба ҳоҷатмандон, дасти ёрӣ дароз кардан ба муҳтоҷон, хурсанд кардани ятимону маъюбон, кумак кардан ба дармондагон ва баровардани ҳоҷати ниёзмандон фарогири ҳамаи табақаҳои ҷомеаи мо гардад.
Ҳар як инсони савобҷӯй агар пеш аз адои намози ид бо ризоияти ҷисму рӯҳи хеш хайри худро ба бародарону хоҳарон, хешу таборони наздики ниёзманд, ҳамсоягон, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон расонад, савоби он дар назди Худованд дучанд мегардад.
Дигар аз фазилатҳои моҳи Рамазон ва Иди саиди фитр аз он иборат аст, ки инсонро ба роҳи рост, риояи адолату баробарӣ, бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки донишмандон онро беҳтарин мактаби одамият ва худсозии инсон маънидод карда, одамонро даъват менамоянд, ки ҳар чӣ бештар некӣ кунанд, собиру ботаҳаммул бошанд, бо ҳамдигар муносибати хайрхоҳона ва хушбинона дошта бошанд.
Дар ислом, бахусус мазҳаби ҳанафия, инсофу адолат ва сулҳу амният ҷойгоҳи бисёр олӣ дошта, ҳар як фарди мусулмонро ҳидоят менамояд, ки зиндагии муносибу арзандаро пеша намояд, бо эҳсонкориву хайрхоҳӣ умр ба сар барад, росткору ростқавл, ҳимматбаланду кушодадил бошад ва дар баробари ин, худро аз ҳама гуна аъмоли зишту зараровар, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғорат дар канор гирад ва ин амалҳои носавобро маҳкум намояд.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди мусулмони кишвари соҳибихтиёри моро зарур аст, ки ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ доим саъю талош карда, ободии Ватан, пешрафти давлат ва осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи имонии худ шуморад.
Воқеан, зарур аст, ки ҳамватанони мо ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, хусусан дар шароити бисёр ноорому ҳассоси ҷаҳони муосир барои ҳақро аз ботил ҷудо кардан саъю талош намоянд, яъне ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, роҳи дурусти зиндагиро пеш гиранд, ба омӯзиши илму маърифат кӯшиш карда, аз ҳар гуна амалҳои зишту зиёновар худдорӣ намоянд, ба қадри калонсолон расанд ва бо заҳмати софдилона Ватани худро ободу пешрафта гардонанд.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи ин иди саид суннатҳои волои инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома дода, барои ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як сокини мамлакат саъю талош менамоянд.
Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар ба муносибати фаро расидани Иди саид ва мукаррами фитр табрик мегӯям ва барояшон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рӯзгори босаодат, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод орзу менамоям.
Иди саиди фитр муборак, ҳамватанони азиз!