Сокинони навоҳии минтақаи Кӯлоб аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, ба аҳолии зарардидаи офати табиии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дасти кумак дароз карданд. Онҳо ба таври таъҷилӣ маводи аввалияи рӯзғорро ҷамъ оварда, тавассути мошинҳои сершумор ба минтақаи офатзада равон намуданд.
- Сокинони шаҳри Кӯлоб ҳодисаи обхезии соли 2010-ро хуб дар хотир доранд, ки бар асари он даҳҳо нафар одамон ҷони худро бохта, садҳо хонаҳои сокинони он несту валангор шуда буданд. Ҳамин аст, ки сокинони шаҳри Кӯлоб ва навоҳии минтақа, бахусус ҷавонони он, аз лаҳзаи рух додани ҳодисаи табиӣ дар як муддати кӯтоҳ маҳсулоти хӯрока ва пӯшока ҷамъоварӣ карда, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равон намуданд, — гуфт дар суҳбат ҷонишини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Зайниддин Давлатов.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»