Таъиноти кадрӣ

№96 (3397) 21.07.2015

19558570269_b4bb2a2ed1_oШонздаҳуми июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Хадамоти гумрук сурат гирифт. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳуддин Вайсиддин бинобар сабаби ба анҷом расидани муҳлати ваколаташ аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардида, номзадии Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон, ки то ин муддат дар вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, ба вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин номзадии Наимзода Марҳабо Наим, Кенҷазода Муҳамадҷалолиддини Тош, Ғуломов Сафарбег Саломович, Маҳмадшарофӣ Дилбар, Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Дар ин хусус пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Марҳабо Наим аз вазифаи судяи Суди шаҳри Душанбе, Кенҷазода Муҳамадҷалолиддини Тош аз вазифаи муовини якуми раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Ғуломов Сафарбег Саломович аз вазифаи судяи Суди вилояти Хатлон, Маҳмадшарофӣ Дилбар аз вазифаи судяи Суди вилояти Суғд ва Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад аз вазифаи судяи Суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд. Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон — Бобокалонова Қутфинисо Маҳмудовна, судяи Суди шаҳри Душанбе — Қурбонова Моҳбӣ Давлятовна, раиси Суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд — Атоӣ Саодат Иброҳим ва Олимзода Хосият Ато аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Ҳисор бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод карда шуданд..

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Президенти мамлакат кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъиншударо ба хизмати софдилона, бо дарки баланди масъулият ва дасту виҷдони пок амалӣ намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят карданд. Зимни суҳбати самимӣ Сардори давлат аз кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодгардида, ки ҷавону соҳибтаҷрибаанд, ба таъмини волоияти қонун, ба риояи адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон даъват намуданд.

www.president.tj