ДАРВОЗ. ( Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар ноҳияи Дарвоз маъракаи ниҳолшинонӣ муташаккилона идома дорад. То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 8500 адад ниҳол шинонида шудааст, ки беш аз 2000 адади онро ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ташкил медиҳанд. Инчунин дар гулгашту хиёбонҳо 600 адад буттаҳои ороишӣ шинонида шуд. Қобили зикр аст, ки барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ, идораву муассисаҳо бо пайвандҳои гулу ниҳол дар майдони 1100 метри мураббаъ ниҳолхона бунёд ёфтааст. Айни замон дар ноҳия чор гектар боғи нав бунёд ёфта, ҳашт гектар боғоти кӯҳна аз нав барқарор шудаанд.
- Ният дорем, ки дар мавсими имсола зиёда аз 40 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ шинонем. Тибқи қарори раиси ноҳия, барои дар сатҳи баланд анҷом додани маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ озмун эълон гардидааст ва ғолибон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд, -гуфт мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Суҳроб Холов.