Собиқадорон ҳамеша дар сафанд

№47 (3032) 16.04.2013

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи фаъолони Ташкилоти ҷумҳуриявии «Иттиҳоди ветеранҳои амалиётҳои ҳарбӣ — ОКСВА» дар паради ҳарбӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ротаи ҷанговарони башардӯст иштирок намуд. Тайёрӣ ва иштирок дар паради ҳарбӣ бо дастгирии бевоситаи сардори парад, фармондеҳи Горнизони шаҳри Душанбе генерал- майор Латиф Файзиев сурат гирифт. Ин шахси кордон дар ҳама ҳолат дар паҳлуи мост ва барои рушди ҳаракати собиқадорон саҳмгузор аст. Инчунин роҳбарони ташкилотҳои собиқадорони ноҳияҳои пойтахт ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ дар паради ҳарбӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Дар натиҷа, 23 феврали соли 2013 дар паради ҳарбӣ 158 нафар ҷанговарони башардӯст иштирок намуда, собит карданд, ки ҳамеша ва ба ҳар як фармони Ватан омода ҳастанд.

Барои иштироки фаъолона дар паради ҳарбӣ аз ҷониби вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев онҳо бо «Ифтихорнома» -и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медалҳои ҷашнии Артиши миллӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир мо- иштирокчиёни паради ҳарбӣ аз кӯмаку дастгириҳои вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос мекунем.

 

Фаррух АЛОВУДДИНОВ,

раиси Ташкилоти ҷумҳуриявии

«Иттиҳоди ветеранҳои амалиётҳои

ҳарбӣ- ОКСВА»