Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015

№99 (3400) 25.07.2015

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии истеҳсолшуда дар моҳҳои январ — июни соли 2015 аз рӯи маълумоти фаврӣ 19158,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ — июни соли 2014 бо нархҳои муқоисавӣ 106,4 фоизро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти пешакии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015 ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ ба андозаи 96,7 фоизи нақшаи аниқшудаи ин давра иҷро шуд.

Воридоти андозҳо 92,3 фоизи ҳаҷми умумии даромадро ташкил додааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2015 хароҷоти Буҷети давлатӣ ба андозаи 83,2 фоизи нақшаи аниқшуда иҷро шуд.

Ба тадбирҳои иҷтимоию фарҳангӣ 27,8 фоиз, барои соҳаҳои иқтисодиёт (бо дарназардошти ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ) 31,2 фоиз, ба суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ 20,8 фоизи ҷамъи маблағҳо сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар нимсолаи якуми соли 2015 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 5415,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 114,2 фоизро ташкил кард.

Дар моҳи июни соли 2015 ба маблағи 920,1 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки аз сатҳи соли 2014-ум 7,8 фоиз баланд аст.

Дар саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсолот 683,8 млн. сомонӣ, саноати коркард 3378,7 млн. сомонӣ, дар истеҳсолу тақсимоти неруи барқ, газ ва об 1352,9 млн. сомониро ташкил дод.

Аз 1905 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ — июни соли 2015-ум миқдори корхонаҳои бозистода 293 воҳидро ташкил кард.

Дар давраи ҳисоботии соли 2015 истихроҷи ангиштсанг ва ангишти бӯр, истихроҷи нафт, газ, истеҳсоли маводи бинокорӣ, намаки ошӣ, ҳасиб, панир, шири холис, маҳсулоти қаннодӣ, арақ ва маҳсулоти ликеру арақ, нахи пахта, ҷӯроб, пойафзол, пӯст, собуни хоҷагӣ, бензин, сӯзишвории дизелӣ, семент, оҳаки бинокорӣ, хишт, арматураи сохтмонӣ,  асфалт, неруи барқ ва ғайраҳо афзудаанд.

Айни замон, истеҳсоли кетчуп, консерваҳо, маснуоти макаронӣ, равғани растанӣ, коняк, оби ҷав, нӯшокиҳои беспирт, папиросу сигарет, калобаи пахтагин, газворҳо, матоъҳои нобофта, қолин ва маҳсулоти қолинӣ, мазут, қир, гаҷ, мех ва дару тирезаҳои алюминӣ кам шудааст.

КИШОВАРЗӢ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ — июни соли 2015 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4969,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум бо нархҳои муқоисавӣ 6,9 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 2817,3 млн. сомонӣ ё ин ки 9,5 фоиз ва чорводорӣ 2152 млн. сомонӣ ё 3,8 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ — июни соли 2015 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 547147 тонна ғалладона, 163543 тонна картошка, 411160 тонна сабзавот, 145497 тонна полизӣ,  1232 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум ғалладона 12,2 фоиз, картошка 19,2 фоиз, сабзавот 18,1 фоиз, полизӣ 12,9 фоиз ва   ангур 81,7 фоиз зиёд мебошад.

Меваҷот 30341 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум  44,8 фоиз кам мебошад.

Аз рӯи натиҷаҳои пешакии ҷамъбасти маълумот оид ба кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ барои ҳосили соли 2015 майдони кишти зироатҳо дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 830495 гектарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 -ум 2012 гектар ё ин ки 0,2 фоиз зиёд мебошад. Аз майдони умумии кишти зироатҳо 422901 гектар ё 50,9 фоизро зироати ғалладона, 188627 гектар ё 22,7 фоизро зироати техникӣ, аз ҷумла пахта 159642 гектар ё 19,2 фоиз, 39770 гектар ё 4,8 фоизро картошка, 55412 гектар ё 6,7 фоизро сабзавот, 21350 гектар ё 2,6 фоизро зироати полизӣ ва 102387 гектар ё 12,3 фоизро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад.

То 1 июли соли 2015 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2163,1 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63,3 ҳазор сар ё 3,0 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 5303,5 ҳазор сарро ташкил дода, 155,9 ҳазор сар ё 3,0 фоиз афзуд. Аз саршумори умумӣ 92,6 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 80,9 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Дар моҳҳои январ — июни соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 63481 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 4,9 фоиз, истеҳсоли шир 327463 тонна ё 2,5 фоиз, истеҳсоли тухм 165,3 млн. дона ё 8,7 фоиз ва истеҳсоли пашм 4144 тонна ё 4,7 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 831 тонна пилла истеҳсол карда шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 фоиз кам аст.

Ҳаҷми истеҳсоли асал бошад, 518,9  тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 3,7 фоиз зиёд аст.

Дар моҳҳои январ — июни соли 2015 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба миқдори 20360 сар гӯсола ва 314651 сар барраю бузғола гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2,2 ва 5,6 фоизӣ зиёд мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 470 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,9 фоиз кам шудааст. Дар хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ аз саршумори умумии чорвои бахши ҷамъиятӣ 543 сар чорвои калон, аз он 166 сар модагов; 8322 сар гӯсфанду буз, 580 сар паранда ва 553 сар асп ба ҳисоб гирифта шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор тағйир наёфта, саршумори модагов 2,9 фоиз, гӯсфанду буз 3,6 фоиз, паранда 4,0 фоиз ва  саршумори асп 0,4 фоиз кам шудааст.

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ — июни соли 2015-ум 5,6 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз зиёд аст.

Дар моҳҳои январ — июни соли 2015 дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ сайди моҳӣ 334,8 тоннаро ташкил намуд, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои ВМКБ 10,9 тонна, вилояти Хатлон 272,2 тонна, вилояти Суғд 36,6 тонна, ноҳияҳои Рӯдакӣ 1,2 тонна, Файзобод 2,2 тонна  ва шаҳри Ваҳдат 11,7 тонна.

СОХТМОН

Дар моҳҳои январ – июни соли 2015 сармоягузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 4038,1 млн. сомонӣ истифода карда шу-дааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — июни соли 2014-ум 141,4 фоизро (бо нархҳои муқоисавӣ) ташкил медиҳад.

Воридшавии сармоя дар моҳҳои январ – июни соли 2015 дар ҳудуди ВМКБ – 58,6 млн. сомонӣ ё 1,5 фоиз, дар вилояти Хатлон 558,5 млн. сомонӣ (13,8 фоиз), дар вилояти Суғд 854,1 млн. сомонӣ (21,2 фоиз), дар шаҳри Душанбе 1212,9 млн. сомонӣ (30,0 фоиз) ва НТҶ 1354,0 млн. сомонӣ ё 33,5 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар иншооти таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 2419,5 млн. сомонӣ ё 59,9 фоиз, дар иншооти ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 1618,6 млн. сомонӣ ё 40,1 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории ҷумҳурӣ иҷро гардидааст.

Дар моҳҳои январ — июни соли 2015 фондҳои асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 1099,9 млн. сомонӣ ба кор андохта шудаанд. Аз ҷумла дар минтақаҳои  вилояти Хатлон 291,9 млн. сомонӣ ё 26,5 фоиз, дар вилояти Суғд 177,0 млн. сомонӣ (16,1 фоиз), дар шаҳри Душанбе 591,7 млн. сомонӣ (53,8 фоиз) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 39,3 млн. сомонӣ ё 3,6 фоизи фондҳои асосии ба кор андохташудаи ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 163,8 млн. сомонӣ ё 14,9 фоиз, аҳолӣ 147,9 млн. сомонӣ (13,4 фоиз), саҳомӣ 7,0 млн. сомонӣ (0,6 фоиз), корхонаҳои хусусӣ 255,8 млн. сомонӣ (23,2 фоиз), корхонаҳои хориҷӣ 251,3 млн. сомонӣ (22,9 фоиз), корхонаҳои муштарак 4,2 млн. сомонӣ (0,4 фоиз), корхонаҳои кишоварзӣ 0,4 млн. сомонӣ (0,1 фоиз) ва ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 269,5 млн. сомонӣ ё 24,5 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ — июни соли 2015 ба масоҳати умумии 418,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ дар минтақаҳо ба тариқи зайл тавсиф шудааст: дар вилояти Суғд 128,3 ҳазор метри мураббаъ ё 30,7 фоиз, дар вилояти Хатлон 139,9 ҳазор метри мураббаъ (33,4 фоиз), дар шаҳри Душанбе 120,0 ҳазор метри мураббаъ (28,7 фоиз) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  30,3 ҳазор метри мураббаъ ё 7,2 фоиз.

Биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд. Онҳо дар моҳҳои январ — июни соли 2015-ум 284,5 ҳазор метри мураббаъ ё 68,0 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматии ба истифода додашударо сохтаанд.

Дар моҳҳои январ — июни соли 2015-ум шаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2288 ҷои талаба, чор дармонгоҳ барои 96 ҷои қабул дар як баст ва се адад муассисаи томактабӣ барои 235 ҷой ба истифода дода шудаанд.

Ташкилотҳои пудратии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ — июни соли 2015 бо қувваи худ ба маблағи 1762,9 млн. сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ — июни соли 2014-ум 154,2 млн. сомонӣ зиёд аст.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияти давлатӣ иҷро намудаанд, 53,4 млн. сомонӣ ё 3,0 фоиз, саҳомӣ 475,3 млн. сомонӣ (27,0 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 890,3 млн. сомонӣ (50,5 фоиз), корхонаҳои хориҷӣ 289,5 млн. сомонӣ  (16,4 фоиз) ва корхонаҳои шахсӣ 54,4 млн. сомонӣ ё 3,1 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.

НАҚЛИЁТ

Дар нимсолаи якуми соли 2015 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 36904,3 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 фоиз зиёд аст.

Бо нақлиёти истифодаи умум 7376,5 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки 20,0 фоизи бори умумии дар ҷумҳурӣ кашондашударо ташкил медиҳад. Бо нақлиёти автомобилии вазорату идораҳо 9627,5 ҳазор тонна (26,1 фоиз), бо нақлиёти соҳибкороне, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 19348,3 ҳазор тонна (52,4 фоиз), бо нақлиёти байналмилалӣ 552,0 ҳазор тонна (1,5 фоиз) бор кашонда шудааст.

Таносуби боркашонии нақлиёти автомобилӣ дар ҳаҷми умумии боркашонӣ 92,2 фоизро ташкил дод.

Дар нимсолаи якуми соли 2015 бо нақлиёти роҳи оҳан 2860,1 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88,7 фоиз ва бо нақлиёти ҳавоӣ 1,1 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89,8 фоизро ташкил дод.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар нимсолаи якуми соли 2015 ба 3149,1 млн.т-км расид ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 фоиз зиёд шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2015 бо ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбар 270,8 млн. нафар мусофир кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 фоиз зиёд шудааст.

Аз шумораи умумии мусофирони кашондашуда, бо нақлиёти истифодаи умум 80,8 млн. нафар ё 29,8 фоизи ҳаҷми умумии мусофирбарӣ анҷом дода шудааст ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми мусофирони кашондашуда 2,3 фоиз афзудааст.

Бо нақлиёти автомобилӣ (бе дарназардошти нақлиёти таксомоторӣ) дар давраи ҳисоботӣ 263,3 млн. нафар мусофир кашонда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 102,3 фоизро ташкил медиҳад.

Бо нақлиёти барқӣ дар нимсолаи якуми соли 2015-ум 4890,8 ҳаз. нафар мусофир кашонда шудааст, ки ба сатҳи ҳамин давраи соли гузашта мувофиқ мебошад (баробар мебошад).

Бо нақлиёти роҳи оҳан 198,1 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба моҳҳои январ — июни соли 2014-ум 94,9 фоиз) бо нақлиёти ҳавоӣ 352,3 ҳазор нафар (нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2014-ум 65,9 фоиз) мусофир кашонда шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар нимсолаи якуми соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 11,4 фоиз кам шуда, 4373,3 млн. мусофир-км-ро ташкил кардааст.

САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ БА АҲОЛӢ

Дар нимсолаи якуми соли 2015 ҳаҷми гардиши савдои чакана, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ 7279,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 10,9 фоиз ё ба маблағи 1128,7 млн. сомонӣ зиёд шудааст (индекси  нарх 106,7 фоизро  ташкил дод).

Таносуби молҳои озуқаворӣ дар ҳаҷми умумии гардиши молҳо 48,1 фоиз ё 3424,9 млн. сомонӣ ва молҳои ғайриозуқаворӣ 51,9 фоиз ё 3695,5 млн. сомониро ташкил додааст, яъне озуқаворӣ ба маблағи 270,6 млн. сомонӣ кам фурӯхта шудааст.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ бештар аз рӯи арзиш гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (20,0 фоиз), орду нон (10,1 фоиз), сабзавот ва картошка (6,8 фоиз), қанду шакар ва маҳсулоти қаннодӣ (6,6 фоиз), равғани растанӣ (3,5 фоиз) афзалият доранд. Аз молҳои ғайриозуқаворӣ таносуби бештар ба маводҳои бинокорӣ (25,0 фоиз), автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо (13,0 фоиз), газворҳо (11,9 фоиз), пойафзол, маҳсулоти кешбофӣ, либос ва либоси таг (9,3 фоиз), маҳсулоти нафтӣ (7,1 фоиз), асбобҳои барқӣ (3,8 фоиз), доруворӣ (2,7 фоиз) ва ғайраҳо рост меояд.

Дар ҳамин давра гардиши моли чакана ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ 862,3 сомониро ташкил кард.

Дар нимсолаи якуми соли 2015 ҳаҷми хизмати пулакие, ки ба аҳолии ҷумҳурӣ расонда шудааст, 4601,3 млн. сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 5,3 фоиз кам аст (индекси нарх 103,4 фоизро ташкил дод)

Корхонаю ташкилотҳои расман ба қайд гирифташуда ба маблағи 2129,2 млн. сомонӣ хизмат расондаанд, ки 46,3 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасониро ташкил медиҳад.

ХУСУСИГАРДОНИИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ ВА МАНЗИЛ

Аз рӯи маълумотҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015-ум дар ҷумҳурӣ 109 объекти ғайриманқул ва аз аввали хусусигардонӣ (соли 1991) то айни замон 12555 объект хусусӣ гардонида шудааст.

Дар сохтори соҳавии хусусигардонии амволи давлатӣ, ҳиссаи соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ аз аввали хусусигардонӣ 21,5 фоиз, мутаносибан ҳиссаи соҳаи саноат дар давраи ҳисоботӣ ва аз аввали хусусигардонӣ 4,6 фоизӣ, кишоварзӣ 56,0 фоиз ва 24,2 фоиз, сохтмон 3,6 фоиз ва 5,8 фоиз, нақлиёт ва алоқа 4,6 фоиз ва 4,0 фоиз, хизмати маишӣ 8,3 фоиз ва 19,4 фоиз, дигар соҳаҳои иқтисодиёт 22,9 фоиз ва 20,5 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи минтақаҳо дар хусусигардонии объектҳои хусусигардонидашуда чунин аст: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 2,8 фоиз (2,5 фоиз), шаҳри Душанбе — 12,8 фоиз (аз аввали хусусигардонӣ  16,3 фоиз), вилояти Суғд — 54,1 фоиз (29,1 фоиз), вилояти Хатлон — 12,8 фоиз (31,9 фоиз), ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 17,5 фоиз (20,2 фоиз).

То 1 июли соли 2015 дар ҷумҳурӣ (аз аввали хусусигардонӣ) 276,5 ҳазор манзили истиқоматӣ  хусусӣ карда шудааст, аз он ҷумла 199,4 ҳазор манзили истиқоматӣ  (72,1 фоиз) фурӯхта, 4,1 ҳазор манзили истиқоматӣ (1,5 фоиз) ба аҳолӣ бо пардохти қисми пулаш ва 73 ҳазор манзили истиқоматӣ  (26,4 фоиз) ба аҳолӣ бепул дода шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2015 дар ҷумҳурӣ шумораи манзилҳои истиқоматии хусусикардашуда 1589 адад, аз он ҷумла дар ВМКБ — 1 манзили истиқоматӣ , вилояти Суғд — 349 манзили истиқоматӣ , вилояти Хатлон — 233 манзили истиқоматӣ , дар шаҳри Душанбе — 930 манзили истиқоматӣ  ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 76 манзили истиқоматӣ мебошад.

НАРХ ВА ТАРИФА

Дар нимсолаи якуми соли 2015 индекси нархҳои истеъмолӣ 102,6 фоиз, аз он ҷумла ба молҳои озуқа — 103,1 фоиз, ба молҳои ғайриозуқа – 101,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 102,8 фоизро ташкил кард. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,4 фоизро ташкил дод (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,7 фоиз буд).

Нархҳои истеъмолии молҳои озуқаворӣ дар нимсолаи якуми соли 2015 — 3,1 фоиз қимат шудаанд, аз ҷумла нархи сабзӣ 1,8 баробар, себ — 38,6 фоиз, карам – 23,2 фоиз, шакар – 12,4 фоиз, равғани маска — 10,3 фоиз, биринҷ — 9,7 фоиз, орди навъи 1-ум — 8,5 фоиз, макарон — 8,4 фоиз, равғани пахта — 8,1 фоиз ва ярмаи марҷумак — 7,9 фоиз. Дар айни ҳол, нархи молҳои зерин арзон шудааст: бодиринг — 56,0 фоиз, бехпиёз — 48,1 фоиз, помидор – 26,6 фоиз, гӯшти гов — 4,5 фоиз, гӯшти гӯсфанд — 3,9 фоиз ва шир — 2,3 фоиз.

Дар  нимсолаи якуми соли 2015  нархи молҳои ғайриозуқа 1,7 фоиз қимат шуда-аст, ки асосан аз ҳисоби болоравии нархи матоъҳои абрешимӣ 14,8 фоиз, туфлии чармини мардона — 14,1 фоиз, костюми бачагона аз матои омехта — 13,6 фоиз, пойаф-золи варзишии мардона — 12,4 фоиз, маҳсулоти доруворӣ — 9,4 фоиз, хамираи риштарошӣ — 8,2 фоиз, маводҳои шустушӯӣ — 7,8 фоиз, куртаи бачагона — 7,4 фоиз, хамираи дандоншӯӣ — 6,0 фоиз, рӯзномаҳои ҳафтавор — 5,9 фоиз, куртаи мардона аз матои омехта — 5,4 фоиз ва матоъҳои пахтагин — 5,2 фоиз ба миён омадааст. Зимнан, пастравии нархи бензин — 15,1 фоиз, семент — 1,6 фоиз ва шифери асбестусементӣ — 1,2 фоиз ба қайд гирифта шудааст.

Аз аввали соли 2015 нарху тарифаҳои хизмати пулакие, ки ба аҳолӣ расонда мешавад, умуман 2,8 фоиз қимат шудаанд, аз онҳо: дӯхти куртаи занона 22,0 фоиз, таъмири пойафзол — 20,3 фоиз, обтаъминкунӣ — 20,1 фоиз, арзиши пардохти нақлиёти ҳавопаймо – 20,0 фоиз, хизмати муолиҷахонаҳо — 11,4 фоиз ва арзиши пардохти нақлиёти роҳи оҳан — 6,9 фоиз. Дар айни ҳол, нархи гази моеъ 14,2 фоиз арзон шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2015 индекси нархҳои истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти саноатӣ 102,1 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи канданиҳои фоиданок – 103,5 фоиз, истеҳсолоти коркард — 102,4 фоиз, истеҳсолу тақсими неруи барқ, газ ва об – 100,0 фоизро ташкил кардааст.

Дар истихроҷи канданиҳои фоиданоки сӯзишворию энергетикӣ болоравии нархи истихроҷи маъданҳои филизоти ранга 5,2 фоиз ва истихроҷи ангиштсанг — 4,3 фоиз ба қайд гирифта шудааст.

Дар байни маҳсулоти истеҳсолоти коркард болоравии нархҳо ба маҳсулоти зерин мушоҳида карда шудааст: тамоку 21,9 фоиз, орд — 6,8 фоиз, нӯшокиҳои беспирт — 2,2 фоиз ва маҳсулоти ширӣ — 1,5 фоиз.

Дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ нархи қолинҳо ва маҳсулоти қолинӣ 3,1 фоиз қимат шудааст.

Дар истеҳсоли маснуоти резинӣ ва пластмассӣ нархи маснуоти пластмассӣ ба-рои бастабандӣ 14,0 фоиз қимат шудааст.

Дар истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ нархи семент 11,9 фоиз арзон шудааст. Дар айни ҳол, қиматшавии нархи маснуоти бетонӣ 6,6 фоиз, хишти сохтмонӣ ва бомпӯши филизӣ — 5,0 фоиз ба қайд гирифта шудааст.

Дар истеҳсолоти металлургӣ нархи хизматрасонии коркарди алюминий 20,7 фоиз қимат шудааст.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА ҲАҚҚИ МЕҲНАТ

Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи майи соли 2015 нисбат ба моҳи майи соли 2014-ум 2,4 фоиз зиёд шуда, 1082,7 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Шумораи бекорони дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман бақайдгирифташуда дар охири моҳи майи соли 2015-ум 58,5 ҳазор нафарро ташкил карда, нисбат ба моҳи апрели соли 2015-ум 2,8 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумлаи бекорони бақайдгирифташуда занон 53,2 фоиз (31,2 ҳазор нафар). Сатҳи бекории расман бақайдгирифташуда нисбат ба шумораи қувваҳои корӣ 2,6 фоизро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пар-дохта шуд, дар моҳи майи соли 2015-ум ба андозаи 862,15 сомонӣ буд ва нисбат ба моҳи апрели соли 2015 –ум 2,7 фоиз кам ва нисбат ба моҳи майи соли 2014-ум 5,8 фоиз зиёд шудааст.

Дараҷаи музди ҳақиқии меҳнат (бо дарназардошти тағйироти индекси нархҳо) дар моҳи майи соли 2015 нисбат ба моҳи апрели соли 2015- ум 3,0 фоиз кам ва нисбат ба моҳи майи соли 2014-ум 0,2 фоиз зиёд шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар нимсолаи якуми соли 2015 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2009,1  млн. доллари ИМА — ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,9 фоиз ё 562,4 млн. доллари ИМА коҳиш ёфтааст. Тарози савдо манфӣ буда, дар нимсолаи якуми соли 2015–ум 1140,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил кард.

Дар нимсолаи якуми соли 2015 содироти мол 434,4 млн.доллари ИМА-ро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 7,9 фоиз ё 37,2 млн.доллари ИМА кам аст.

Воридоти мол ба ҷумҳурӣ 1574,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил кардааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми 2014-ум 25,0 фоиз ё 525,2 млн.доллари ИМА кам мебошад.

Оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Туркия 27,6 фоизи ҳаҷми умумии содирот, Швейтсария 21,3 фоиз, Қазоқистон 18,4 фоиз, Ҷумҳурии Исломии Эрон 7,1 фоиз, Федератсияи Россия 6,5 фоиз, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 5,0 фоиз, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ИМА — 3,2 — фоизӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой 1,7 фоиз, Италия — 1,5 фоиз, Нидерланд — 0,9 фоиз, Ӯзбекистон — 0,8 фоиз ва ғайраҳо.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Федератсияи Россия 31,6 фоизи ҳаҷми умумии воридот, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 17,1 фоиз, Қазоқистон 16,8 фоиз, Ҷумҳурии Исломии Эрон 4,2 фоиз, Туркия 4,0 фоиз, Туркманистон 3,5 фоиз, Литва 2,8 фоиз, Швейтсария 2,6 фоиз, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 2,1 фоиз, Ҷумҳурии Исломии Покистон 1,7 фоиз, АМА 1,6 фоиз, Ҷумҳурии Федеративии Германия 1,5 фоиз, Украина 1,1 фоиз, Италия 0,9 фоиз, Қирғизистон ва Беларус 0,8  — фоизӣ, Ҷумҳурии Корея, ИМА ва Ямайка 0,7 фоизӣ ва ғайраҳо.

Дар амалиёти савдо афзоиши бештари содирот нисбат ба воридот бо Туркия (56,6 млн. доллар) ва Швейтсария (51,6 млн. доллар) мушоҳида шудааст.

ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА

Дар нимсолаи якуми соли 2015 ба ҷумҳурӣ 31 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 21186,8 ҳазор доллари ИМА ё 8592,1 тонна ёрии башардӯстона расониданд.

Аз ҷумлаи мамлакатҳои ёрирасон таносуби бештар аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона ба Ҷумҳурии Федеративии Германия 39,8 фоиз, Нидерланд 12,4 фоиз, Дания 8,7 фоиз, АМА 8,1 фоиз, Австрия 4,3 фоиз, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 4,0 — фоиз, Ҳиндустон — 3,4 фоиз, Латвия 3,2 — фоиз, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қувайт 2,3 — фоизӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой — 1,8 фоиз, Миср ва Норвегия — 1,3 фоизӣ, Фаронса 1,2 — фоиз ва ғайраҳо рост меояд.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА ЁРДАМПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти БДАТ ҶТ «Амонатбонк» маблағи аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда дар моҳҳои январ – июни соли 2015-ум 822,3 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва ёрдампулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ — июни соли 2015-ум бо дарназардошти бақияи аввали сол (28,9 млн. сомонӣ) 830,7 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахӯрон то якуми июли соли 2015-ум  620932 нафарро ташкил медиҳад.

ҶИНОЯТКОРӢ

Дар моҳҳои январ — июни соли 2015 — ум 12147 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла 10411 ҷиноятро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд, ки 85,7 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад. Дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1736 ҷиноят ё 14,3 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳоро ба қайд гирифтаанд.

Дар моҳҳои январ — июни соли 2015-ум 2889 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — июни соли 2014-ум 12,1 фоиз зиёд аст.

Бақайдгирии ҳодисаҳои дуздӣ 42,4 фоиз, аз ҷумла дуздии хонаҳо 18,8 фоиз, қаллобӣ 17,5 фоиз, порахӯрӣ чор фоиз, одамрабоӣ аз як то ҳашт ҳодиса  зиёд шудааст.

Нисбат ба моҳҳои январ — июни соли 2014 бақайдгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 11,7 фоиз, хариду фурӯши одамон  аз 22 то 11 ҳодиса кам шудааст.

Бақайдгирии қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 29 фоиз, таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он 27,3 фоиз, ҳодисаҳои ғоратгарӣ 23,6 фоиз, роҳзанӣ 19,4 фоиз, одамкушӣ ва суиқасд ба он 11,3 фоиз ва авбошӣ 6,8 фоиз кам шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 1802 ҷинояти иқтисодӣ (нисбат ба моҳҳои январ — июни соли 2014-ум 2,6 фоиз зиёд шудааст) ба қайд гирифта шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ 558 ҷиноятро ошкор кардаанд, аз рӯи 504 ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Ба ин қабил ҷиноятҳо порахӯрӣ, дуздии ҳаҷман калон ва махсусан калон, дуздӣ ва дигарҳо дохил мешаванд.

Дар моҳҳои январ — июни соли 2015-ум 240 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки бо ҷароҳати сахт ва марги ҷабрдида анҷомидаанд, ба қайд гирифта шудааст (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 фоиз зиёд аст).

Ошкоркунии умумии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ — июни соли 2015-ум 88,4 фоизро ташкил кардааст, ки ин дар моҳҳои январ — июни соли 2014-ум 86,8 фоиз буд.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон