Чанде пеш раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода роҳбари намояндагии Комиссарияти олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Кевин Аленро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи лоиҳаи пилотӣ — таҷрибавӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаро оид ба таъмини ашхоси бешаҳрванд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ баррасӣ намуданд.
Дар суҳбат зикр гардид, ки ба лоиҳаи пилотӣ баробари шаҳрҳои Истаравшану Турсунзода ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон низ шомил мебошад. Пешниҳоди раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оид ба қабули гурезаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо дарназардошти таъмини онҳо бо ҷойи кор, манзил, ғизо, об ва ғайра ба инобат гирифта шуд. Дар сурати зарурат ин амали хайру шоиста дар ноҳияи пилотии Шаҳритуз мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.
Давлат Султон, «Садои мардум»