23 июли соли 2015 дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар нимсолаи аввали соли равон ҷаласаи корӣ доир гардид.
Оид ба дастоварду пешравиҳо ва мушкилоту норасоиҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар моҳҳои январ-июни соли равон гузориши вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, сарфи назар аз вазъи мураккаби иқтисодии ҷаҳонӣ, ноустувории иқтисоди давлатҳои шарики савдои Тоҷикистон ва дигар омилҳои берунӣ дар ин давра қисми даромади Буҷети давлатӣ 96,7 фоиз иҷро гардидааст, ки ин нисбат ба нақша 235 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 847 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бошад, дар ин давра ба 19 млрд. 185 млн. сомонӣ баробар шудааст.
Доир ба натиҷаҳои рушди шашмоҳаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои молия, андоз, гумрук, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҳисобот доданд.
Сарвазири мамлакат барои таъмини иҷрои қисми даромади Буҷети давлатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба ҷараёни барқарорсозии оқибатҳои офатҳои табиии рӯзҳои охир дар мамлакат рухдода, таъмини иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ва андоз, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, таъмини саривақтии маош ва нафақа ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дод.
АМИТ «Ховар»