Намемирад ҳамоне, хирқа ӯро илму фан бошад,
Намирад он, ки ирфон қабру донишаш кафан бошад.
Ниҳоле боқӣ аз ӯ монд, ҳамеша сабзу пур аз бор,
Намурдаст он, ки бо худ бурдааш, меҳри Ватан бошад.
Сабаби ба даргоҳи илму маърифат қадам ранҷа намудани устод Каримҷон Ҳусейнов шодравон қиблагоҳашон Бобоҷон Ҳусейнзода ва амакашон Шарифҷон Ҳусейнзода буданд. Дар Тоҷикистон кам нафароне ёфт мешаванд, ки Ҳусейнзодаҳоро нашиносанд.
Азбаски падарашон Бобоҷон омӯзгор ва амаки бузургворашон Шарифҷон Ҳусейнзода ҳамчун адабиётшинос маъруфу машҳур буданд фарзандонро низ ба роҳи илм ҳидоят карда, доимо таъкид менамуданд: «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз». К. Б. Ҳусейнов роҳи падар ва амакро интихоб карду олими маъруфу машҳур гардид.
Тӯли ҳаёти хеш шодравон К. Ҳусейнов дар ҷодаи илм ҳамеша талош мекарданд, то комёб бошанд.
Мавсуф зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд буда, 2 майи соли 1949 дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №53-и шаҳри Душанбе, соли 1967 ба факултети кимиёи собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1972 бомуваффақият хатм менамояд. Худи ҳамон сол ҳамчун ҷавони фаъолу пешқадам барои давом додани таҳсил ба ҳайси унвонҷӯй-тадқиқотчӣ ба Донишгоҳи давлатии Воронеж фиристода мешавад. Соли 1976 аспирантураи онро бо сари баланд хатм мекунад. Дар ин донишгоҳ таҳти роҳбарии доктори илмҳои кимиё, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ В. М. Глазов рисолаи илмӣ таълиф намуда, соли 1978 дар мавзӯи «Пайвастҳои беҳад бо сиклҳои азалӣ ва дикетонидолӣ ва истифодаи онҳо» («Непредельные соединения с азольными и дикетонидольными циклами и их применение») дифоъ мекунад ва сазовори унвони илмии номзади илмҳои кимиё мегардад. Як муддат, солҳои 1976 — 1982 ба ҳайси ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии эпидемиология ва гигиенаи шаҳри Душанбе кору фаъолият кардааст. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ ӯ ба ҳайси ассистенти кафедраи химияи биоорганикӣ ва биофизикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор кардааст. Фаъолияти хуби К. Б. Ҳусейновро ба назар гирифта, ӯро соли 1987 декани факултети филиали Душанбегии Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Новосибирск таъин мекунанд. Баъдан, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъин шуда, то соли 2000-ум адои вазифа намудааст.
Шодравон К. Б. Ҳусейнов соли 2004 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия дар мавзӯи «Нақши мутафаккирони асримиёнагии Шарқ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ» рисолаи докторӣ дифоъ мекунад ва сазовори унвони доктори илмҳои техникӣ мегардад. Саҳми шодравон К. Ҳусейнов дар муаррифии илмҳои табиатшиносӣ, ба вижа хизмати мутафаккирони асримиёнагии Шарқ, хеле бузург аст. Номбурда бори аввал ба ҷаҳониён собит намуд, ки маҳз мутафаккирони тоҷику форс дар рушди илми табиатшиносӣ хизмати арзанда кардаанд.
Омӯзиши асарҳои номбурда «Химия глицерина» (соли 1998), «Химия мономеров» (соли 1999), «Тиҷорат ва экспертизаи мол» (соли 2000), «Консепсияи табиатшиносии муосир» (соли 2002) имрӯз барои насли ҷавон айни муддаост. Чунки душманони илму фарҳанги мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хизматҳои сазовори мутафаккирони гузаштаи моро нодида гиранд.
К. Ҳусейнов ҳамчун олими варзида, мутахассиси забардасти илмҳои дақиқ ва роҳбари оқилу доно дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон эътибору нуфузи калон пайдо намуд. Ӯ бештар аз 200 асару мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ таълиф намудааст. Дар бисёр симпозиумҳои илмӣ, конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ бо маърӯза ва гузоришҳои пурмазмун баромад кардааст.
Вохӯрии аввалинам бо мавсуф дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадиам — соли 2009-ум рух дода буд. Он вақт устод директори Коллеҷи молиявӣ — иқтисодии шаҳри Душанбе таъин шуда буд. Бо амри тақдир соли 2010, вақте ки Коллеҷи молиявӣ — иқтисодӣ ба Донишкадаи молияи Тоҷикистон табдил ёфт ва устод К. Ҳусейнов вазифаи ректориро ба зимма дошт, ман наздаш рафтам. Устод маро хуш қабул карда, ба ҳуҷҷатҳоям хуб зеҳн монда, ба ман рӯ оварда гуфтанд: «Шуморо ба кор даъват мекунем. Айни ҳол бароямон устоди ҳуқуқшиноси бақувват лозим».
Маро ба вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва иқтисоди байналмилалӣ таъин намуданд. Устод К. Ҳусейнов серталабу сахтгир буду баробари ин нисбати муаллимони хуб дилсӯзию ғамхорӣ зоҳир мекард. Ин гуна муносибат моро водор мекард, ки тамоми донишу қувваамонро ба таълиму тарбияи донишҷӯён бубахшем.
Дар байни мо ягон рӯҳафтодагие нисбат ба кор набуд, зеро тарзи роҳбарии устод ба аҳли коллектив илҳом мебахшид. Мавсуф ҷаҳондидаву ҷаҳонгашта буд. Солҳои охир ба хориҷи кишвар, ба мисли Франсияву Нидерландия, Федератсияи Россияву Англия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Қазоқистону Туркия ва дигар кишварҳо сафарҳои хизматӣ доштанд.
Дар баъзе сафарҳо К. Ҳусейновро ҳамроҳӣ мекардем. Устод ҳамеша шукр мекард, шукри Ватани хеш, шукри ободиву оромӣ, шукри сериву пурии замон.
Вақте ки номбурда ректор буданд, равобити илмиву фарҳангии донишкада бо мамолики хориҷа инкишоф ёфта, хеле мустаҳкам гардид. Таҳти роҳбарии номбурда лоиҳаи «Мусоидат дар татбиқи фаъолияти самараноки Донишкадаи молияи Тоҷикистон» амалӣ гардид. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа донишкада бо техникаи инноватсионии муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Вале зиндагии инсон вақти муайян дорад ва қалби ҳамин гуна инсони неку олими сермаҳсул ва роҳбари оқил 14 июни соли 2015 аз тапидан монд. Вафоти устод дили даҳҳо шогирдону ҳамкорону ихлосмандонро реш-реш кард.
Таъкиди як нукта зарур аст: хизмати К. Б. Ҳусейнов дар рушди Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ниҳоят бузург аст. Рӯзи ҷанозаи устод дар ин бора нафарони зиёд бо сӯзу гудоз ҳарф заданд.
Пеш аз ҷанозаи устод бо шогирди хирадманду закиаш Ҷамолиддин Нуралиев суҳбат кардем. Номбурда бо андӯҳи гарон гуфт: «Устод одами бузург буданд, баҳри ободии донишкада нақшаҳои хеле хуб доштанд ва қисми зиёди онҳо амалӣ шуданд».
Имрӯз устод дар паҳлуи мо нестанд, вале ҳеҷ гоҳ ӯро аз ёд намебарорем. Имрӯз ба симои фарзандони солеҳу номбардораш — олими ҷавону умедбахш Дилбар, ки касби устодро пеша кардааст ва писараш Комрон, ки корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аст, нигариста, каме дилам таскин меёбад, ки фарзандонаш номбардори қиблагоҳи хирадманд ва нексиришташон ҳастанд.
Хуб мебуд, хизматҳои шоёни К. Ҳусейновро ба назар гирифта, ба хотири зинда нигоҳ доштани номи ӯ иқдом менамуданд.
Шарифхӯҷа ҲАСАНОВ, дотсенти кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ