Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 36. Моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар
1. Амволе, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин амволе, ки дар давраи заношӯӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадя ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад.
2. Ашёи истифодаи шахсӣ (либос, пойафзол ва ғайра), ба истиснои ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зиннат, гарчанде дар давраи заношӯӣ аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд.
3. Суд метавонад амволеро, ки ҳар кадоме аз зану шавҳар ҳангоми ҷудо зиндагӣ карданашон ҷамъ овардаанд, дар сурати воқеан қатъ гардидани ақди никоҳ моликияти ҳар кадоми онҳо эътироф намояд.
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 36) шартҳои ба ҳар кадоми зану шавҳар тааллуқ доштани молу мулкро муайян кардааст. Яке аз шартҳои дар қонун нишондодашуда ба вазъи тоникоҳии шаҳрвандон алоқаманд аст, яъне амволе, ки то ақди никоҳ ба зан ё шавҳар тааллуқ доштааст, моликияти шахсии ӯ ба ҳисоб меравад. Масалан, то хонадоршавӣ яке аз ҳамсарон соҳиби хонаи истиқоматӣ, автомобил ва дигар навъи амвол бошад, ин амвол пас аз ба ақди никоҳ даромадан низ ҳамчун моликияти алоҳидаи вай эътироф мешавад.
Шарти дигаре, ки қонун моликияти алоҳидаи зану шавҳар эътироф мекунад, ҳамон аст, ки агар дар давраи заношӯӣ яке аз ҳамсарон ин амволро ҳамчун ҳадя ё мерос гирифта бошад. Ҳар кадоме аз онҳо метавонанд аз падару модар, хешовандон, ёру бародаронашон молу мулки гуногун (телевизор, яхдон, мебел ва ғайра)-ро ҳадя гиранд. Инчунин аз таҷрибаи идораҳои нотариалӣ ва судӣ бармеояд, ки зан ё шавҳар одатан аз падару модар хонаи истиқоматӣ, як қисми онро мерос мегиранд. Агар ҳуқуқи зан ё шавҳар ба мерос вайрон шуда бошад, он гоҳ ин ҳуқуқ дар асоси аризаи даъво ба тариқи судӣ ҳимоя карда мешавад. Дар асоси ҳалномаи суд зан ё шавҳар ҳиссаи молу мулки муайян ё маблағи ба он баробарро соҳибӣ мекунад. Дар Суди ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе (ҳоло ноҳияи Исмоили Сомонӣ) даъвои П.Г. ба К.М. ва ба Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе (ҳоло ноҳияи Исмоили Сомонӣ) оид ба бекор намудани шаҳодатномаи мерос аз рӯи қонун ва тақсимоти амволи меросӣ баррасӣ гардид. Аз маводи парванда бармеояд, ки идораи нотариалии номбурда ба шаҳрванд П.Г. бе назардошти талаботи қонун ва манфиати меросхӯрони навбати аввал тамоми молу мулки меросиро (хонаи истиқоматӣ, автомашина ва дигар амволро) ба ҷавобгар додааст. Дар натиҷаи баррасии парванда дар суд тарафҳо ба созиш омаданд, ки ба даъвогар ҳиссаи ӯ баробар ба 7050 сомонӣ дода шавад. Ин созиш аз тарафи суд 1 ноябри соли 2000 тасдиқ карда шуд. Ҳамин тавр, 7050 сомонӣ маблағи пулии гирифта моликияти алоҳидаи К.М. ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҳозираи иқтисоди бозаргонӣ ва ривоҷи моликияти хусусӣ ба яке аз ҳамсарон низ ба таври мерос корхонаҳои шахсӣ, саҳмияҳо, векселҳо, чек ва ғайра мегузарад.
Қонун инчунин ашёи истифодаи шахсӣ (либос, пойафзол ва ғайра)-ро, новобаста аз он ки дар давраи ҳамзистии якҷоя аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд ё не, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар эътироф менамояд. Аммо қонунгузор на ҳамаи молу мулки истифодаи шахсиро ба ин маъно эътироф менамояд. Агар дар давраи зиндагии якҷоя зану шавҳар ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинатро (ба монанди ангуштариҳои тиллоӣ, нуқрагин, гӯшвораҳои бо сангҳои қиматбаҳо – бриллиантҳо орододашуда, соатҳои тиллоӣ ва монанди онҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои умумӣ ба даст омадаанд, новобаста аз истифодаи шахсӣ моликияти номбурда моликияти ҳар кадоми ҳамсарон эътироф карда намешавад, яъне амволи зикргардида моликияти якҷояи ҳамсарон ба шумор меравад. На ҳама ашёи истифодаи шахсӣ моликияти ҳар кадоме аз ҳамсарон ба ҳисоб меравад. Масалан, шаҳрванд Ҳакимова К. ба суди ноҳияи Роҳи Оҳани (ҳоло ноҳияи Шоҳмансур) шаҳри Душанбе бо даъво барои талоқ ва тақсими молу мулк бо Ҳакимов Ч. муроҷиат намуд. Ҳангоми баррасии тақсимоти молу мулк Ҳакимов Ч. аз суд талаб намуд, ки 12 дандони тиллоии ҳамсараш ба ӯ баргардонида шавад, зеро онҳо аз ҳисоби маблағҳои шахсии ӯ тайёр карда шуда буданд. Ҳакимова К. бошад, қатъиян ба ин талаб зид баромада, шавҳарашро ба чизпарастӣ гунаҳкор намуд ва изҳор дошт, ки дандонҳои тиллоӣ моликияти шахсии ӯст. Суд муқаррар намуд, ки дар ҳақиқат дандонҳо дар давраи ҳамсарӣ аз ҳисоби маблағи Ҳакимов Ч. гузошта шудаанд ва он бояд моликияти умумии якҷояи зану шавҳар эътироф карда шавад. Суд бо қарори худ Ҳакимова К.-ро уҳдадор намуд, ки нисфи арзиши дандонҳоро ба шавҳараш баргардонад. Дар баррасии ин парванда суд дуруст рафтор намуда, қарор баровард, зеро дар моддаи 36 Кодекси оила гуфта шудааст: «ашёи истифодаи шахсӣ (либос, пойафзол ва ғайра), ба истиснои ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, ҳарчанд дар давраи заношӯӣ аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд».
Дар давраи тӯлонии зиндагии якҷоя зану шавҳар аз моликияти ҳар кадоми худ якҷоя истифода мебаранд. Дар ин муддат онҳо аз ҳисоби амволи алоҳида ё якҷоя, меҳнати худ барои дар ҳолати дурусти санитарӣ нигоҳ доштани амвол ва таъмир хароҷот менамоянд. Агар дар ин вазъияти номбурда арзиши моликияти алоҳидаи яке аз ҳамсарон (пас аз таъмир, азнавсозӣ ва ғайра) хеле афзуда бошад, он гоҳ мутобиқи талаботи моддаи 37 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти зикргардида моликияти муштараки онҳо эътироф карда мешавад.
(Давом дорад)