27 июли соли 2015 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев мутобиқ ба иҷрои муқаррароти Қарори марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2015 «Дар бораи ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Шуҳрат Мақсудзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ — июни соли 2015 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон» ҷаласаи ихтисосӣ баргузор гардид.
Дар он Маҳмадсаид Убайдуллоев сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, ба истиснои ҷамъоварии андози иҷтимоӣ, асосан таъмин гардидани нишондодҳои барномавии рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, бо ироа доштани дастуру ҳидоятҳо аз роҳбарони субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории шаҳр даъват ба миён овард, ки истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру бозгӯи талаботи бозори дохилӣ ва ба содирот нигаронидашударо беш аз ҳарвақта вусъат бахшанд.
Муовинони Раиси шаҳр Шакарбек Самадов, Шуҳрат Мақсудзода ва раисони ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки сабабҳои аз кор мондани баъзе корхонаҳоро муайян намуда, баҳри аз нав ба фаъолият шурӯъ намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Аз ҳамаи сохторҳои дахлдор талаб карда шуд, ки барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии кормандони корхонаҳои муваққатан аз фаъолият бозмонда ва дигар корхонаҳое, ки кормандонашонро ба рухсатии бемузд ҷавоб додаанд ё шумораи назарраси онҳоро ихтисор намудаанд, дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда тадбирҳои зарурӣ андешанд ва иттифоқҳои касаба низ набояд аз ин раванд канораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамзамон М. Убайдуллоев таъкид кард, ки дар низоми феълии муносибатҳои истеҳсолӣ ҳар чӣ зудтар ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ, таҷдиду барқарорсозии корхонаҳои мавҷуда, ташаккули самтҳои нави истеҳсолию саноатӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои муосир ва бунёди иншооти инфрасохтори зарурӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ мебошад.
Зикр гардид, ки то ҳол имконияту захираҳое мавҷуданд, ки метавонанд ба рушди саноати маҳаллӣ такони ҷиддӣ бахшанд. Яке аз роҳҳои самарабахш ин ташаккул додан ва ҳавасмандгардонии талаботи бозори дохилию рушди истеҳсоли воридотивазкунанда ва ба роҳ мондани кооператсияи корхонаҳои дӯзандагӣ бо истеҳсолкунандагони матоъҳо дар шаҳр мебошад. Дар ин самт ҷорӣ намудани либоси ягона барои кормандони соҳаи савдою хизматрасонӣ ва нақлиёт, ташкили ярмаркаи либосҳои мактабӣ, ки дар моҳи август ба нақша гирифта шудааст, дар қатори чорабиниҳои ба дастгирии истеҳсолоти дохилӣ равонагардида бе таъсир нахоҳад буд.
Аз ин рӯ, муовинони соҳавии Раиси шаҳр муваззаф карда шуданд, ки дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони корхонаҳои соҳаи саноати сабук ва мутахассисони соҳа то охири соли 2015 лоиҳаи барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба рушди соҳаи саноати сабук дар шаҳри Душанберо барои солҳои 2016-2017 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон муқаррар карда шуд, ки баҳри мукаммал ва ҳамоҳангсозии татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, инчунин мусоидат дар ҳалли монеаҳои бюрократии баррасии ҳуҷҷатҳои ибтикоротии молистеҳсолкунандагон ва сохторҳои хизматрасон ҳар ду ҳафта дар сатҳи раисони ноҳияҳо ва моҳе як маротиба дар сатҳи Раиси шаҳр бо иштироки зикршудагон ва соҳибкорон ҷаласаҳои ихтисосӣ доир карда шавад.
Дар ин росто, таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар фазои «Соли соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ» минбаъд низ баҳри дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ бо садоқат ба мароми созандаи хеш баҳри зарурати истеҳсолӣ ва қонеъ намудани ниёзҳои муҷаҳҳазсозии ташкилотҳои аз буҷети шаҳр маблағгузоришаванда хариди молу маҳсулотро ҷиҳати дастгирии соҳибкории ватанӣ аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳрӣ идома медиҳад.
Инчунин дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб ин бо баҳисобгирии воқеии оморӣ фаро гирифтани субъектҳои истеҳсолию хизматрасонӣ баҳри андозбандию фаъолияти тиҷоратии корхонаҳо, кам кардани қарзҳои дебиторӣ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда, боз ҳам хубтар ва босифат таъмин намудани аҳолии шаҳр бо неруи барқ ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015 — 2016 мебошад.
Ба муовини якуми Раиси шаҳр Ашӯрбег Расулов дастур дода шуд, ки таҳлили ҳамаҷонибаи нишондодҳои ташкилотҳои пудратиро баҳри таъмини самаранокии фаъолияташон ба роҳ монад, зеро ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ нисбати нимсолаи соли гузашта танҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ ва сармоягузорони хориҷӣ беш аз 391,81 млн. сомонӣ афзудааст.
Дар ҷаласа зимни баррасии масоили соҳаи коммуналию муҳандисӣ роҳбарияти КВД «Обу корези Душанбе» вазифадор карда шуд, таҳти назорати қатъии муовини якуми Раиси шаҳр Ашурбег Расулов бобати татбиқи пурраву сифатнок ва саривақтии Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе чораҳои таъхирнопазир андешида, ҳамзамон нақшаи тадбирҳои фавриро вобаста ба кам намудани талафоти оби ошомиданӣ таҳия ва мавриди иҷро қарор диҳад.
Бо дарназардошти татбиқи фаъоли Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва бо мақсади зебову муосир гардонидани симои кӯчаву хиёбонҳо, роҳбарияти Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» муваззаф шуд, ки дар ҳамбастагӣ бо муовини Раиси шаҳри Душанбе Шакарбек Самадов лоиҳаи намунавиро оид ба азнавсозии системаи равшанидиҳӣ бо истифодабарии технологияҳои муосири ҷаҳонӣ дар доираи омодагиҳо барои истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳия ва пешниҳод намояд.
Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки мавсими гармидиҳии гузашта камбудиҳои зиёдеро дар фаъолияти Муассисаи шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ошкор сохт, ки бартарфсозии онҳо чораҷӯйии фаврӣ ва мушаххасро тақозо менамояд. Ин, дар навбати аввал, масъалаи ба тариқи пурра қабул намудани неруи гармии истеҳсолгардида бо дарназардошти талафоти меъёрӣ ба истеъмолкунандагон интиқол додани он мебошад.
Дар робита ба ин, бо дарназардошти дар мавсими гармидиҳии дарпешистода афзуншавии истеҳсоли неруи гармӣ ва пешбинӣ гардидани фаъолияти дегхонаи «Ғарбӣ», ба директори Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Аъзам Табаров дастур дода шуд, ки таҳти масъулияти шахсӣ якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва зери назорати муовини Раиси шаҳри Душанбе Шакарбек Самадов омодасозии ҳамаҷонибаи биноҳои таъиноташон гуногуни барои қабули гармӣ пешбинишударо таъмин намоянд.
Ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе тибқи муқаррароти қонунгузорӣ бартараф намудани ҳама гуна дӯкону хайма ва иншооти бо мақсади савдо, хизматрасонии маишӣ ва хӯроки умумӣ худсарона ва бидуни риояи талаботи қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои истифодабарии замин, сохтмон, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва оташнишонӣ бунёдгардидаро таъмин намуда, аз натиҷааш ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот манзур намоянд.
Ҳамзамон дар ҷаласа муқаррар карда шуд, ки минбаъд ҳангоми дар ҳудуди бозорҳо, марказҳои савдо, мағоза ва дигар иншооти истеҳсолию тиҷоратӣ ошкор гардидани ҳолатҳои фаъолияти соҳибкории ғайрирасмӣ ё риоя нагардидани талаботу муқаррароти қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои истифодабарии замин, сохтмон, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва оташнишонӣ нисбати роҳбарону соҳибмулкони онҳо ҷазои маъмурӣ татбиқ мегардад.
Вобаста ба мақсаднок роҳандозии истифодаву ба иҷорадиҳии моликияти коммуналӣ Раиси шаҳр дастур дод, ки Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе дар муҳлати се моҳ реестри ягонаи бақайдигирии воқеии моликияти коммуналиро ба роҳ монад.
Инчунин таваҷҷуҳи Раёсати андози шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони маҳаллаҳо, шаҳрак ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил барои муайян намудани ҳолатҳои фаъолияти ғайрирасмии соҳибкорӣ, ба иҷора супоридани нуқтаҳои савдо, хизматрасонии маишӣ, хӯроки умумӣ ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҳавлию квартираҳои истиқоматӣ ва бо андозбандӣ фаро гирифтани чунин намуди фаъолияти иқтисодӣ нигаронида, вазифадор карда шуданд, ки дар ин самт якҷоя чораҷӯйӣ намуда, аз натиҷааш ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот манзур намоянд.
Дар ҷаласа ҳамзамон аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла дар заминаи рушди саноати дастӣ ва чеварию кадбонугӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занону духтарон мавриди бознигарӣ қарор гирифт. Дар иртибот ба ин, раисони ноҳияҳо муваззаф карда шуданд, ки дар муҳлати се моҳ, бо такя ба зарфиятҳои занону ҷавондухтарони соҳибмалакаи дар ин ҷода ихтисосу таҷрибадошта, дар заминаи 302 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳар кадоме на кам аз даҳ ҷойи шуғли доимӣ таъсис диҳанд.
Дар ҷаласа зимни таҳлилҳои амиқ Раиси шаҳр аз нигаҳдошт ва сифати ғизои ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон ва муассисаҳои томактабии шаҳр пешниҳодшаванда изҳори нигаронӣ намуда, бо ҷалби таваҷҷуҳи муовини Раиси шаҳр Ҷамила Лангариева ба ин масъала, аз Прокуратураи шаҳр даъват ба миён овард, ки ҳолати таъминот бо маводи сифатноки ғизоӣ ва дастрасии онро ба тарбиятгирандагон дар муассисаҳои зикршуда мавриди санҷиш қарор диҳад.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои масъули Назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳити зисти шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти ҳар кадомеро нокифоя арзёбӣ карда, барои ислоҳи вазъ ва пурзӯр намудани назорати касбӣ аз рӯи хизматрасонии сохторҳои масъули ноҳиявӣ як моҳ муҳлат муқаррар намуд.
Ҳамзамон баҳри беҳдошти вазъ, ба реҷаи кории муовинони соҳавии Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо тағйирот ворид сохта, шурӯъ аз 29 июли соли 2015 фаъолияташонро бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ дар самти нигаҳдории таъинотии ҳолати санитарӣ ва поксозии каналу селпартоҳои марзгузари ноҳияҳо муайян намуд.
Дар ин зимн, идома ба тадбирҳои роҳандозишуда оид ба таъмини ҳолати санитарию эпидемиологӣ, ташаккулу риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва пурзӯр намудани чораҳои ҷаримабандӣ ба хилофкорони қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе, муқаррар карда шуд, ки шурӯъ аз 29 июли соли 2015 муттасил дар назди 1116 нуқтаҳои партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳо бо насби камераҳои мушоҳидавӣ аз соати 05 то 20, дар се бахши панҷсоата, мутаносибан навбатдории кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо, масъулини сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҷорӣ карда шавад.
Дар ҷаласа ҳамчунин баҳри тавсеаи фаъолияти хоҷагидории муовинони Раиси шаҳр ва ноҳияҳо дар ҷойҳо, тақвими қабули шаҳрвандон аз тарафи онҳо дар утоқҳои корӣ ихтисор гардида, қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе танҳо аз ҷониби Раиси шаҳр аз соати 8 то 13 ва раисони ноҳияҳо аз соати 9 то 13 муқаррар карда шуд.
Инчунин супориш дода шуд, ки аз рӯзи панҷшанбеи аввали моҳи августи соли ҷорӣ ба идомаи баргузории Рӯзҳои шаҳр дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои он бо иштироки роҳбарияти шаҳр оғоз карда шавад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки шаҳрвандон имкон доранд дар рӯзҳои корӣ оид ба масъалаҳои худ арзу дархостҳояшонро ба шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва ҳамарӯза тавассути почтаи электронии dushanbe80@yahoo.com, сомонаҳои www.dushanbe.tj, www.mometavonem.tj, www.bemiyonaravho.tj ё худ сомонаҳои иҷтимоии «Фейсбук», «Твиттер» ва «Мой мир» унвонии Раиси шаҳр ирсол намоянд.
Ш. Саидов