Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шуғнон

№101-102 (3402-3403) 30.07.2015

20101205182_cc1b3f66ba_oБисту нуҳуми июли соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рӯшон ба ноҳияи Шуғнон ташриф овард.

Маросими истиқболи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон сурат гирифт. Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани Корхонаи коркарди ғалла дар деҳаи Боғев бо иқтидори коркарди 60 тонна ғалла дар як шабонарӯз иштирок кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба оғози фаъолияти ин корхонаи муҳими саноатӣ асос гузошт.

Тавре маълум гардид, оид ба бунёди ин корхонаи пуриқтидор, ки дар вилоят ягона мебошад, зимни як сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш шуда буд. Корҳои сохтмонӣ дар корхона аз соли 2013 оғоз шуда, бо насби технологияи муосир сохта, ба истифода дода шуд. Корхонаи коркарди ғалла дар деҳаи Боғев бо иқтидори коркарди 60 тонна ғалла дар як шабонарӯз фаъолият карда, то 30 нафарро ба кори доимӣ фаро мегирад. Дар корхона имкони нигоҳдории шаш ҳазор тонна ғалла мавҷуд аст.

Фармоишгар Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиҳо Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Порстоҷ», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ориёнсарво» ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Идеал Сохтмон» мебошанд. Маблағи умумии корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ 13 миллиону 500 ҳазор сомонӣ мебошад. Корхона дар масоҳати қариб як гектар бунёд ёфта, маҳалли ҷойгиршавии он барои дар шароити хуб ва беталаф нигоҳ доштани ғалладонагӣ мусоид аст.

Ин иқдом, яъне бунёди Корхонаи коркарди ғалла дар деҳаи Боғев аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, захира ва таъмини ин маводи ниёзи аввал дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ монда шуд. Аз оне, ки вилоят тамоми сол бо барқ таъмин аст, барои фаъолияти мунтазами корхона ва таъмини сокинон бо орд ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.

Баъди ифтитоҳи корхонаи коркарди ғалла Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба маҳалли аз офати табиӣ зарардида омада, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои бунёди роҳи нав маслиҳатҳои муфид дод. Сипас, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли бунёди хонаҳои нав барои оилаҳои зарардидагони офати табиӣ омада, бо онҳо суҳбат намуд.

11728953_872650052805182_5836410576091974344_oТавре маълум гардид, дар ин минтақа, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди хонаҳо замин ҷудо шуда буд, корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат ва ҳар чӣ зудтар бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин кардани сокинон дастуру супоришҳо дод.

Ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иловатан супориш дода шуд, ки барои таъмини аҳолии деҳаи навбунёд бо об чораҷуӣ намояд.

Баъди шиносоии пурра аз рафти корҳои сохтмони манзили истиқоматӣ барои оилаҳои аз офат зарардида ва суҳбат бо онҳо дар маркази деҳаи Боғев бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон мулоқоту суҳбати самимӣ доир кард.

www.president.tj