Ба наздикӣ ҷаласаи ситоди мубориза бар зидди малах дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо иштироки васеи мутахассисони соҳа, сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии малах доир гардид.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ гирифтем, ҳадаф аз баргузории ҷаласа ҷараёни татбиқи «Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» мебошад. Қобили зикр аст, ки соли гузашта барои амалӣ кардани чорабиниҳои Барномаи мазкур 5 миллиону 436 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд, ки аз ин миқдор 2 миллиону 858 ҳазор сомонӣ барои хариди дастгоҳҳои зидди малах, заҳрдорую, дорупошакҳо, мошинолот, либосҳои муҳофизавӣ, хайма, дорупошакҳои дастӣ ва сӯзишворӣ масраф шудааст.
Мақсаднок истифода гардидани маблағҳои барномаи мазкур боис гардид, ки соли гузашта зиёда аз 35 000 хоҷагии инфиродӣ (фермерӣ) ва ҷамоавие, ки 70 фоизи даромади оилавиашон аз ҳисоби заминҳои киштшавандаи обӣ ва лалмӣ, наздиҳавлигӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо вобаста мебошад, аз зарари ҷиддии малахҳо эмин монданд. Соли ҷорӣ низ барои амалӣ намудани барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 5 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Имсол низ, чун солҳои пешин, оид ба мубориза бар зидди малах ва дигар зараррасонҳои соҳаи кишоварзӣ дар назди раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситоди махсуси мубориза бар зидди малах таъсис шудааст.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи кишоварзии мамлакат, феълан барои пешгирии ин мушкилот Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар натиҷа майдони паҳнгаштаи малах дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбат ба солҳои қаблӣ кам гардидааст. Тибқи маълумоти КВД «Мубориза бар зидди малах» дар майдони 79042 гектари паҳнгаштаи малахҳо майдони 66738 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд. Дар ҷаласаи ситод зикр гардид, ки коркарди кимиёвии заминҳо дар вилояти Суғд дар масоҳати 15463 гектар, Хатлон 42280 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8195 гектарро ташкил медиҳад. Дар мавсими паҳншавии малах соли гузашта дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 40 адад трактори дорупошӣ, 1646 адад дорупошаки дастӣ ва 2255 нафар қувваи корӣ аз ҳисоби аҳолӣ барои мубориза бар зидди малах ҷалб гардид.
Мутахассисон афзоиши малахро дар кишвар ба чанд омил рабт медиҳанд. Яке аз сабабҳои пурра нобуд нашудани малах, пеш аз ҳама мавҷудияти он дар ноҳияҳои наздисарҳадии кишварҳои ҳамсоя аст. Масалан, заминҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон манбаи асосии пайдоиши малаханд, ки аз он ҷо ин ҳашарот ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамониат ворид мешавад.
Хайруллои АБДУВАҲҲОБ,
«Садои мардум»