28- уми июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар кард.
Боздиди кории Сарвари давлат дар ин вилоят аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.
Дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сокинон ва фаъолони ноҳия бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ин мавзеъ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пули нави мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ифтитоҳ ёфт. Бунёди пули мошингузар идомаи мантиқии сиёсати созандагии роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат мебошад, ки дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба беҳсозии сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти пули мошингузар асос гузошт.
Тибқи лоиҳа, кӯпрук иқтидори борбардории 100 тоннаро дошта, дарозии он 146 метр мебошад. Паҳноии кӯпрук 10 метру 50 сантиметр ва қисми мошингузар 8 метру 50 сантиметр аст.
Пули мазкур аз тарафи «Корпоратсияи хитойӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо» дар асоси шартнома бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи чор миллиону 306 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардида, моҳи июни соли 2015-ум ба анҷом расид. Барои сохтмони пули номбаршуда дар маҷмӯъ 27 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Зимни шиносоӣ дар назди пули нави мошингузар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вазири нақлиёти ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои кушодани роҳҳои дар натиҷаи обхезӣ бандшуда дар ҳудуди ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон монеаҳоро ҳар чӣ зудтар бартараф карда, оид ба иҷрои корҳо гузориш диҳанд. Ҳамчунин барои тезонидани таҳияи лоиҳаҳои бунёди пулҳои дигар дар ин минтақа супориш дода шуд.
Аҳамияти ин пул, агар, аз як ҷониб ба ҳам васл кардани ду соҳил бошад, аз тарафи дигар манфиатҳои зиёди иқтисодӣ дорад, ки барои мардуми кишвар, аз ҷумла ронандагону мусофирон хеле судманд аст.
www.president.tj