Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№101-102 (3402-3403) 30.07.2015

6614643Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Ваҳдат

 Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳр» таҳти №99 аз 28 феврали соли 2015 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Номи деҳаҳои зерини шаҳри Ваҳдат:

деҳаи Обидараи Чунгак ба деҳаи Обшори деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиев

деҳаи Гургхӯрда ба деҳаи Чаманзори деҳоти ба номи Карим Исмоилов

деҳаи Ҷарбошӣ ба деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов

деҳаи Пӯстхӯр ба деҳаи Шоҳрухи деҳоти Чорсӯ

деҳаи Қирғизон ба деҳаи Шаҳристони деҳоти Баҳор

деҳаи Ҳоҷиқатаған ба деҳаи Зарафшони деҳоти Баҳор

деҳаи Калтуч ба деҳаи Шифобахши деҳоти Ромит

деҳаи Муродова ба деҳаи Хуҷабӯстони деҳоти Ромит

деҳаи Юмс ба деҳаи Гулисурхи деҳоти Симиганҷ

деҳаи Юмсуроқ ба деҳаи Файзрези деҳоти Симиганҷ

деҳаи Ҳайталӣ ба деҳаи Гулафшони деҳоти Симиганҷ

деҳаи Қипчоқ ба деҳаи Шодмонқалъаи деҳоти Симиганҷ

тағйир дода шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №95

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Файзобод

 Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳия» таҳти №100 аз 28 феврали соли 2015 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номи деҳаҳои зерини ноҳияи Файзобод:

деҳаи Шулашак ба деҳаи Себистони деҳоти Бӯстон

деҳаи Биникулута ба деҳаи Файзрези деҳоти Файзобод

деҳаи Қурӯғ ба деҳаи Навбаҳори деҳоти Файзобод

деҳаи Тиён ба деҳаи Кӯҳсори деҳоти Файзобод

деҳаи Бунгакиён ба деҳаи Дурахшони деҳоти Чашмасор

деҳаи Қашқараҳа ба деҳаи Орифони деҳоти Мискинобод

деҳаи Қалошӣ ба деҳаи Баҳористони деҳоти Вашгирд

деҳаи Қошқарӣ ба деҳаи Синои деҳоти Вашгирд

деҳаи Тақназарӣ ба деҳаи Сомониёни деҳоти Меҳробод

деҳаи Кулул ба деҳаи Чорбоғи деҳоти Меҳробод

деҳаи Қулобод ба деҳаи Хуросони деҳоти Меҳробод

деҳаи Калшодӣ ба деҳаи Шифобахши деҳоти Меҳробод

деҳаи Сеқишлоқа ба деҳаи Себзори деҳоти Меҳробод

деҳаи Ҳайтак ба деҳаи Гулафшони деҳоти Меҳробод

тағйир дода шаванд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №96

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб

 Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳия» таҳти №352 аз 30 майи соли 2015 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қарор мекунад:

Номи деҳаҳои зерини ноҳияи Варзоб:

деҳаи Муғулои поён ба деҳаи Меҳрободи деҳоти Чорбоғ

деҳаи Чағатай ба деҳаи Шодоби деҳоти Чорбоғ

деҳаи Чормағзакони тоҷик ба деҳаи Чормағзакони болои деҳоти Чорбоғ

деҳаи Чормағзакони ӯзбек ба деҳаи Чормағзакони поёни деҳоти Чорбоғ

деҳаи Тойқара ба деҳаи Гулбоғи деҳоти Чорбоғ

деҳаи Қулмаҳмадӣ ба деҳаи Яккачашмаи деҳоти ба номи С.Айнӣ

тағйир дода шаванд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №97

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон

 Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Вахш» таҳти №353 аз 30 майи соли 2015 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Номи деҳаҳои зерини ноҳияи Вахш:

деҳаи Перепадная ба деҳаи Шаршари деҳоти Рӯдакӣ

деҳаи Сафедов  ба деҳаи  Сафедоби деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

деҳаи Ленинград ба деҳаи Зархези деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

деҳаи 50-солагии Комсомол ба деҳаи Чорбоғи деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

деҳаи 1-Май ба деҳаи Нурободи деҳоти Тоҷикобод

деҳаи Қараланг ба деҳаи Деҳқонободи деҳоти Ваҳдат

деҳаи Қизилтумшуқ ба деҳаи Файзбахши деҳоти Ваҳдат

деҳаи Янгиобод ба деҳаи Истиқлоли деҳоти Ваҳдат

деҳаи Яккадин ба деҳаи Гулбоғи деҳоти Ваҳдат

деҳаи Қушқудуқ ба деҳаи Иттифоқи деҳоти Машъал

деҳаи Томчӣ ба деҳаи Лолазори деҳоти Машъал

деҳаи Куйканак ба деҳаи Меҳрободи деҳоти Машъал

деҳаи Қазоқон ба деҳаи Пистазори деҳоти Машъал

деҳаи Дунғизадир ба деҳаи Баракати деҳоти Машъал

деҳаи Қучқорбулоқ ба деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Машъал

деҳаи Учбулоқ ба деҳаи Сечашмаи деҳоти Машъал

деҳаи Қарабодом ба деҳаи Гулибодоми деҳоти Машъал

деҳаи Тераклитоғ ба деҳаи Орзуи деҳоти Машъал

деҳаи Тошробод ба деҳаи Дӯстии деҳоти Машъал

тағйир дода шаванд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №98

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Расулзода Н.Ғ.

 Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Расулзода Нуриддин Ғафор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №99

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гиёев И.Қ.

 Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Гиёев Исмон Қурбонович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №100

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Маҳмадшарофӣ Д.

 Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Маҳмадшарофӣ Дилбар судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №101

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода М.Н.

 Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Наимзода Марҳабо Наим  судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №102

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қосимзода С.О.

 Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №103

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ғуломов С.С.

 Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ғуломов Сафарбег Саломович судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №104

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Кенҷазода М.Т.

 Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Кенҷазода Муҳамадҷалолиддин Тош судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №105

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шоҳиён М.А.

 Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №106

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Фатҳудин В.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Фатҳудин Вайсидин бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ 

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №107

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шоҳиён М.А.

 Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №108

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Мутобиқи банди 5 қисми якуми моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳимӣ Фарҳод Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ 

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №109

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Дар бораи интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 5 қисми якуми моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Худоёрзода Бахтиёр Тавар Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 21 июли соли 2015 №110