29 июли соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одилро, ки ба кишварамон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конференсияи илмӣ доир ба масъалаҳои истилоҳот ва вожасозӣ ташриф овардааст, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҷаноби доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ва ҳайати ҳамроҳонашро, ки ба густариши робитаҳои мутақобилан судманди миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон нигаронида шудааст, нек арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ҳар ду кишвари дӯст имкон доранд дар марҳилаи кунунии муносибатҳо аз неруҳои воқеан мавҷудаи тарафҳо истифода намуда, амалисозии барномаҳои муштараки парламентӣ ва иқтисодию тиҷоратиро таҳким бахшанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки мо аз дастовардҳо ва афзудани нуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша хушнуд ҳастем. Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси Шӯрои Исломӣ доимо дар мукотибот буда, баҳри густариши робитаҳои байнипарламентӣ тадбирҳои пайваста меандешад. Дар ин самт нақши гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории ҷонибҳо муассир аст. Итминони комил дорем, ки саҳми он дар оянда боз ҳам афзунтар хоҳад гашт.
Доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил қаноатмандии хешро аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иброз намуда, ба ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни кишварҳо, хусусан муносибатҳои байнипарламентӣ баҳои баланд дода, афзуд, ки кишварашон ҳозир аст дар тамоми соҳаҳо бо Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд дошта бошад.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва самимӣ баргузор шуд.
Шуъбаи робитаҳои байнипарламентии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон