Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№101-102 (3402-3403) 30.07.2015

19868205769_754da7dc12_o27-уми июли соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тасдиқ карда шуд.

Ба рӯзномаи маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 масъалаи муҳим барои баррасӣ пешниҳод шуд.

Нахуст ҳисоботи директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» доир ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008-ум таҳти рақами 107 шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки  корхона мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизингӣ)» ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, корхонаю ташкилотҳои соҳаи кишоварзии ҳама гуна шакли моликият то имрӯз 886 хоҷагии деҳқонию фермерии ҷумҳуриро тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) бо 705 адад трактору комбайнҳо, 556 адад таҷҳизоти гуногуни кишоварзӣ бо маблағи 90,3 миллион сомонӣ таъмин кардааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки баҳри иҷрои пурраи вазифаҳои дар назди корхона гузошташуда масъулини Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-ро зарур аст, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳои давлатӣ пурзӯр намоянд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои бозгардиш, назорати маблағҳо, набудани марказҳои хизматрасонии техникӣ бо таҷҳизоти зарурӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, ташкили истеҳсоли қисмҳои эҳтиётию зарурии техникаҳои кишоварзӣ дар корхонаҳои худӣ, ҷалби мутахассисон ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳа ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки баъди ба гардиш даровардани заминҳои кишт ҳаҷми кор зиёд шуд ва техникаҳои мавҷуда дар кишвар кифоя нест, бинобар ин зарурати ҳар чӣ бештар ворид кардани техникаҳои кишоварзӣ ба миён омадааст.

Ҳамкории корхона бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ зарур шумурда шуд.

Доир ба «Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» гузориши вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз қабули лоиҳаи мазкур банақшагирии босамари рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва инчунин таҳияи босифати Буҷети давлатӣ барои давраи миёнамуҳлат мебошад.

Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи санади мазкур дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазъи иқтисодии ҷаҳон ва тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ ба инобат гирифта шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои босифати ин дурнамо ва таҳлили боз ҳам амиқи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат, инчунин таҳияи санади мукаммал ба вазорату идораҳои дахлдори кишвар дастур дод.

Супориш дода шуд, ки ҳангоми таҳияи ин санад афзоиши аҳолӣ, истеъмолкунандагон ва тағйирёбии нархи бозорҳо ба инобат гирифта шавад.

«Дурнамои нишонди-ҳандаҳои асосии макро-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» аз ҷониби аъзои Ҳукумати мамлакат қабул карда шуд.

Дар маҷлис лоиҳаҳои қонунҳо «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Ҳамчунин масъалаҳо «Дар бораи Стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҷудо кардани грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, маъқул дониста шуданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди мамлакат, иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашударо таҳлилу баррасӣ карда, ба аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтию босамари корҳо супоришҳои мушаххас дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна, бо истифодаи пурсамар аз имкону захираҳои дохилӣ мо тавонистем ба ҳадафҳои дарпешгузоштаи худ оид ба рушди иқтисодиёти мамлакат ноил гардем.

Дар баробари ин, бояд минбаъд низ, аз тамоми имкониятҳои истифоданагардида барои манфиати давлату миллат самаранок баҳрабардорӣ карда шавад.

Иҷрои барномаҳои муҳими давлатӣ, стратегияҳои рушд, тадбирҳои дигар барои рушди кишвар зарур шумурда шуд.

Супоришҳои муҳим инчунин оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ҳар чӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт ва омодагии ҳамаҷониба барои давраи зимистони солҳои 2015-2016 ба ҳамаи бахшҳои мамлакат дода шуд.

www.president.tj