Чандест, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз муроҷиат ба созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои кафили сулҳи Тоҷикистон мавриди мазаммати мардуми тоҷик ва ҳатто собиқ аъзои худи ҲНИТ қарор гирифтааст. Ин мавзӯи суҳбату гуфтугузорҳо, ки гоҳе дар нишастҳои хабарӣ низ дахл карда мешуд ва мавриди танқид буд, ҲНИТ-ро дар ҳолати ногувор гузоштааст ва аз ин рӯ сару садо баланд мекунад. Дуруст аст, кулли мардуми тоҷик аз он изҳори таассуф мекунанд, ки ҲНИТ мебоист қазияро дар дохили кишвар мавриди баррасӣ қарор медод, на ба давлат ва созмонҳои кафили сулҳ муроҷиат мекард. Ҳизби наҳзат бошад, мегӯяд, ки «чунин пушаймонхӯриҳову изҳори таассуфнамоиҳои масъулин танҳо ба хотири нишон додани садоқату муҳаббати худ ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар асту бас».
Ҳар чӣ ҳаст ё нест, шаҳрвандон пурра дарк кардаанд, ки он муроҷиатномаи ноҷо буд ва ба манфиати гурӯҳе истифода бурда шудааст. ҲНИТ ба ашхосе, ки ҷонибдори муроҷиатномаи ин ҳизб нестанд, даъво пеш меорад: «Ин теъдод, ки барои сулҳ коре ҳам накардаанд ва шояд он замон шуғли тиҷорат доштанд ва ё дар дуриҳои дур паноҳ мебурданд, чӣ донанд қимати сулҳу оштӣ». Гӯё танҳо ва танҳо ҲНИТ сулҳу оштӣ кард ва танҳо ӯ қимати сулҳу оштиро медонаду касе аз он огоҳ нест. Бо ин ибора ин ҳизб нишон медиҳад, ки то куҷо сафсатахонӣ мекунад. Охир мардум хуб медонанд, ки сулҳ бо ташаббуси кӣ шуд ва киҳо дар канор буданд. Бояд гуфт, ки қимату арзиши сулҳро онҳое медонанд, ки сари мизи музокирот нишаста, баҳри хомӯш кардани оташи ҷанг ва баргардонидани мардуми гуреза ба Ватан кӯшиш намудаанд, на он ки наҳзат меандешад ва на он гунае, ки наҳзат мепиндорад.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷонибдор нест, ки касе ва ё ҷамъияту гурӯҳе камбудиҳои онро мавриди танқид қарор диҳад ё ба он роҳи дурустро нишон диҳад. Вобаста ба муроҷиатномаи бемавриди ҳизб яке аз сохторҳои фарҳангии кишвар оварда буд: «Мо иштирокдорони маҷлиси ҳайати мушовара аз номи тамоми аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ нисбат ба нодида гирифтани дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишвар аз тарафи Ҳизби наҳзати ислом изҳори таассуф менамоем». Изҳори нигаронии фарҳангиён бамавқеъ аст, зеро муроҷиати ҲНИТ ба кишварҳои кафили сулҳ ва созмонҳои байналмилалӣ сабаби коҳиш додани меъёрҳои сулҳ мегардад.
Даъвои беасоси ҲНИТ аз он сарчашма мегирад, ки гӯё «дар дохили кишвар ҳамарӯза таъқибу фишор болои аъзои ҲНИТ шиддат мегирад, аммо ба доди аъзои ҲНИТ на милиса мерасаду на прокурору на ходими амниятӣ. Пас, чӣ бояд кард, чун гӯши шунавое нест. Баҳри дифоъ аз худ ҲНИТ маҷбур аст, алайҳи ҳар гуна тӯҳматпароканиҳою фишоровариҳо болои худ роҳе ҷӯё шавад». Замоне, ки аъзои ҲНИТ муртакиби гуноҳанд ва бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд, ин маънои онро надорад, ки «таъқибу фишор болои аъзои ҲНИТ шиддат мегирад», балки ҷинояткор сазои аъмолашро мебинад.
Дар ҷойи дигар ҳизби наҳзат даъво пеш меорад, ки «ҲНИТ ҳаққу ҳуқуқи комил дорад, то бо муроҷиат ба давлатҳои кафили сулҳ, ки дар рафти музокироти сулҳи тоҷикон ширкат доштанд ва амалӣ гаштани бандҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар кишвар то ба охир зери назорат доштанд, тақозои мусоидат кунад». Баръакси гуфтаҳои ҲНИТ иштирокдорони дуҷонибаи сулҳ муроҷиати ҲНИТ-ро маҳкум кардаанд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бемантиқона хулосарониҳою таҳлилҳои теъдоде аз масъулинро ба хотири «ҳифозату истодагарӣ дар курсиҳову мансабҳояшон» мепиндорад ва «ҷуз теша бар решаи худ задан» маънидод мекунад. Ҳатто онро бесамару бенатиҷа меҳисобад. Дар идома ҳизби мазкур иддао дорад, ки «мо дар маҷмӯъ як миллатем» ва хостори он аст, ки «Тоҷикистонро чун кишвари пешрафтаву соҳибтамаддун ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ» намояд. Аммо маълум нест, ки бо кадом роҳу равиш, бо кадом дастовард ҲНИТ метавонистааст, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Вақте ҳизб аз идораи аъзои саркаш ва ҷинояткор баромада наметавонад, чӣ расад ба он ки миллати тоҷикро як ҳизби аз фарҳанги тоҷикӣ дур бишносонад. Ҳарчанд даъво кунад, ки «ҲНИТ чун ҳизби пешсаф аз рӯзҳои аввали оғоз ба фаъолият намудан пайи сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар талош дошт ва имрӯз низ ин равандро идома дода истодааст» касе бовар намекунад ва таассуфи ҲНИТ дар мавриди «ҳасудонаву бахилона дар атрофи ин ҳизб ҳар гуна тавтиаву дасиса эҷод мекунанд» баҳонае беш нест. Баръакс, ҲНИТ аст, ки пешравии ҷомеаи тоҷикро чашми дидан надорад.
Рустам Раҳимов