Мо, омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи Ёвон, ҳар як баромади Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба воситаи телевизион тамошо мекунем ва ҳам матни суханронии он касро аз рӯзномаи дӯстдоштаамон «Садои мардум» мехонем. Ҳайати омӯзгорони мо аз 35 нафар иборат аст ва ҷавобан ба ғамхориҳое, ки имрӯз Сарвари давлат дар ҳаққи мо карда истодааст, кӯшиш мекунем, ки дараҷаи таълиму тарбияи насли наврасро баланд бардорем.
Дар мактаби мо ҳафт синфхона сохта, ба истифода дода шуд. Ин синфхонаҳо бо даҳ компютер ва даҳ принтер ҷиҳозонида шудаанд. Мо дар амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳмгузорӣ менамоем. Ба воситаи рӯзномаи «Субҳи Ёвон» мардумро барои иҷрои талаботи ин қонун даъват мекунем. Давлату Ҳукумат дар ҳаққи мо, муаллимон, ғамхориҳои зиёд мекунанд. Баланд бардоштани маоши муаллимон, нафақаи маъюбон ва собиқадорон, дастгирии бепарасторон ва пиронсолони барҷомонда аз ғамхориҳои беназири Сарвари давлатамон мебошанд. Эътимоди комил дорем, ки минбаъд низ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рушду инкишоф хоҳад ёфт.
Аз номи омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №39-уми ноҳияи Ёвон
Юлдошбеки Холиқзод