Бо ташаббуси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти зироаткорӣ дар қитъаи таҷрибавию намоишии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, воқеъ дар Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткорӣ»-и ноҳияи Ҳисор, бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани самаранокии парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар кишти такрорӣ бо истифода аз технологияи коркарди сифрии хок» баргузор гардид.
То оғози семинар вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академик Иззатулло Сатторӣ бо ҳамроҳии меҳмонон аз қитъаҳои таҷрибавию намоишӣ, ки дар онҳо ғалладонагиҳо, картошка, пахта кишт шуда, инчунин боғи интенсивии себ бунёд шудааст, боздид намуданд.
Семинарро Иззатулло Сатторӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки барои пешравии соҳаи растанипарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон кам кардани хароҷоти меҳнатӣ аз ҳисоби ихтисор кардани як қатор амалиётҳои технологӣ аз тартиби зироатчигии анъанавӣ чорабинии муҳим ба шумор меравад. Соли 2014 дар асоси иҷрои барномае, ки байни Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии ИКАРДА амалӣ намуданд, тухмипошаки махсусгардонидашудаи тамғаи «JOHN SHEARER» барои кишти зироатҳои кишоварзӣ бо технологияи коркарди сифрии хок ворид шуд. Тухмипошаки мазкур тавассути трактор дар замине, ки баъди ҷамъоварии ҳосил ягон намуди коркарди хок иҷро карда нашудааст, ҳаракат намуда, тавассути олоти кори чизелӣ — омочак хокро бурида, дар қабати он нурии минералӣ андохта, зироатро кишт менамояд. Он барои кишти сифрии зироатҳои гандумӣ, лӯбиёӣ, шолӣ, ҷав, ҷуворӣ, офтобпараст, зағир, юнучқа ва райграсс таъин шудааст.
Сипас, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров суханронӣ карда, изҳор дошт, ки мамлакати мо дорои имкониятҳои васеи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Дар сурати оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои истеҳсолии соҳа бо мақсади аз заминҳои обёришаванда рӯёнидани ду- се ҳосил метавонем ҳамватанони худро бо маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшту шир ва дигар маводи озуқа пурра таъмин намоем. Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиризода Ҷалил Сафар ва сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҳисор Абдусалом Ҳамдамов дар суханрониҳои худ гуфтанд, ки дар мамлакат имкониятҳои зиёд намудани истеҳсоли ғалла аз ҳисоби самаранок истифода бурдани заминҳои обёришаванда, дар як сол гирифтани ду ҳосил мавҷуданд. Ба ин мавҷудияти об, фаровонии рӯзҳои офтобӣ мусоидат мекунад.
Дар қисмати дуюми семинар дар ҳузури олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бори дигар дар заминҳои навакак аз ғалла даравидашуда бо истифода аз тухмипошаки махсусгардонидашудаи тамғаи «JOHN SHEARER» кишти такрории таҷрибавӣ гузаронида шуд. Исбот шуд, ки бо ин усул метавон дар заминҳои шудгорнашуда бо хароҷоти кам кишти зироат гузаронида шавад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»