Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо варзишгарону ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни ифтитоҳи толори варзишӣ дар шаҳри Хоруғ
30 июли соли 2015, шаҳри Хоруғ
Ҷавонону варзишгарони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат тайи солҳои охир дар доираи вусъати амалҳои ободкориву созандаи кишвари маҳбубамон ҷиҳати мустаҳкам гардонидани инфрасохтори соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити муосири машқу тамрин барои варзишгарони мамлакат чораҳои муассир андешида истодааст.
Дар ин раванд, мо имрӯз бинои Қасри замонавии варзиширо дар шаҳри Хоруғ ба истифода додем ва умедворем, ки иқдоми мазкур барои шуғли ҳар чӣ бештари ҷавонону наврасони ин гӯшаи диёрамон ба варзиш, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва омода кардани варзишгарони дорои малакаи баланди касбӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи масъулон ва коргарону сохтмончиён, ки дар бунёди ин бинои муосири варзишӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.
Қомат афрохтани чунин як маҷмааи варзишии дорои тамоми инфрасохтори зарурии машқу тамрин дар ҳаёти ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ рӯйдоди фараҳбахш ба ҳисоб рафта, дар давраи омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон туҳфаи идона ба варзишгарону ҷавонони ватандӯсти вилоят мебошад.
Тавре огоҳ ҳастед, дар шаҳри Хоруғ то ба имрӯз дар баробари фаъолият кардани шумораи зиёди иншооти гуногун як маҷмааи барҳавою муосир, ки дар он варзишгарону ҷавонон ба машқу тамрин фаро гирифта шуда, мусобиқаҳои сатҳи гуногун баргузор карда шаванд, вуҷуд надошт.
Барои бунёди Қасри варзиш аз ҳисоби Буҷети давлатӣ беш аз 17 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Қасри варзиш дорои толори бузург бо 1700 ҷойи нишаст, толорҳои хурд, маҷмааи барқароркунии саломатӣ ва шуғл ба варзиш, омодагии дастаҳои яккачини вилоят барои ширкат дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, инчунин утоқҳои барҳавои корӣ мебошад.
Бовар дорам, ки мавриди истифода қарор гирифтани Қасри варзиши имрӯза ба ҷавонону варзишгарони Бадахшон имконият медиҳад, ки онҳо дар тамоми фасли сол дар мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, барои боз ҳам мустаҳкам гардидани мавқеи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми худро гузоранд.
Агар мо ба саҳифаҳои таърихи миллатамон рӯй оварем, огоҳ мегардем, ки шуғл ба варзиш ва пешбурди тарзи ҳаёти солим дар рӯзгори халқи куҳанбунёди мо аз қадимулайём нақшу манзалати хоса доштааст.
Муҳимтар аз ҳама, варзиш ҳамчун қосиди сулҳ ва василаи дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардани давлату миллат эътироф шудааст.
Ин нуктаи муҳим дар таърихи навини давлатдориамон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст ва то кунун мо барои солимии сокинон, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи тарзи ҳаёти солим, умуман оммавӣ гардонидани варзиш ва рушди он ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодаем.
Хусусан мулоқоти Президенти мамлакат бо варзишгарон дар соли 2010 рӯйдоди хотирмон дар самти рушди минбаъдаи варзиши тоҷик ба ҳисоб меравад, ки дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои дар заминаи он таҳиягардида дар қаламрави кишвар зиёда аз 2500 иншооти варзишӣ бунёд гардида, ба туфайли он ба варзишгарони тоҷик ҷиҳати фатҳи қуллаҳои баланди варзиш шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ин радиф, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ даҳҳо майдону толорҳои варзишӣ барои омода намудани дастаи мунтахаби вилоят ва иштироки варзишгарони он дар мусобиқаҳои дохилӣ ва сатҳи байналмилалӣ иқдомоти назаррас анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла дар баробари Қасри варзиши имрӯза, бо харҷи зиёда аз 27 миллион сомонӣ варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ барои шаш ҳазор ҷойи нишаст, варзишгоҳҳои муҷаҳҳази замонавӣ дар ноҳияи Роштқалъа бо беш аз 2 ҳазору 700 ҷойи нишаст ва ноҳияи Ванҷ бо 5 ҳазору 200 ҷойи нишаст сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Айни замон дар қаламрави вилоят 415 иншооти варзишӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо даҳҳо ҳазор нафар ҷавонон ва дӯстдорони варзиш ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.
Дар давоми солҳои 2012 — 2014 ва шашмоҳаи аввали соли равон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи варзиш ва сафарбар намудани варзишгарони вилоят ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст ва ҳиссаҷудокунӣ дар ин самт минбаъд низ афзоиш дода хоҳад шуд.
Имрӯз ҷавонону наврасони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумат ҳамаҷониба бархӯрдор буда, барои баланд бардоштани илму дониш ва маърифату ҷаҳонбинии худ пайваста кӯшиш менамоянд ва якҷо бо дигар қишрҳои ҷомеа ормонҳои миллиро татбиқ мекунанд.
Ҳукумати мамлакат ба масъалаи ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ, интихоб ва таъини онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда ва бо ҳамин роҳ амалӣ гардидани имконияту қобилияти онҳо минбаъд низ эътибори ҷиддӣ медиҳад. Зеро дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ танҳо кадрҳои ҷавони босавод ва шахсиятҳои солимфикр метавонанд давлатро соҳибӣ карда, арзишҳои миллии онро ҳифз намоянд, дар амри амалӣ намудани мақсаду ормонҳои миллӣ ҳамчун фарзандони бонангу номус саҳмгузорӣ кунанд, барои сарбаландии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ва пойдории давлат ҷаҳду талош варзанд.
Аз ин лиҳоз, аҳли маориф, падару модарон, аҳли зиё ва шахсони обрӯманди шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадоранд, ки ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ бо масъулияти баланд ва бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.
Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки дӯст доштани Ватан, саҳмгузорӣ кардан барои ободии он, гиромидошти муқаддасоти миллӣ, риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтиром ба рукнҳои асосии давлатдорӣ қарзи муқаддаси ҳар яки онҳо маҳсуб меёбад.
Ватан ҳамон қаламравест, ки нону намакаш ба мо ақлу идрок ва нури имон ато мекунад.
Хуллас, Ватан модари мушфиқу ғамхори ҳар яки мост, ки аз рӯзи чашм ба олами ҳастӣ кушодан моро бо ҳазорон меҳру муҳаббат ба оғӯш гирифта, мепарварад, маълумот медиҳад, соҳиби хонаву кошона, оила, хешу табор ва ниҳоят хушбахт мегардонад.
Ман зимни мулоқоти худ бо ҷавонон дар Донишгоҳи аргарии Тоҷикистон аз воқеаҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар ёдовар шудам.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҷавонону варзишгарони қавиирода ва бонангу номуси кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муроҷиат менамоям, ки ояндаи кишвар бо дасти шумо бунёд хоҳад шуд.
Бори дигар таъкид месозам, ки шумо бояд ин Ватанро сидқан ва мисли ҷони худ дӯст доред ва барои ҳифзи марзу буми он ҷаҳду талош намоед.
Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки гузаштагони мо дар душвортарин лаҳзаҳо ба Ватан содиқона хизмат намуда, бо саҳми худ дар пешрафти он ва беҳбудии рӯзгори мардум барои мо намунаи ибратанд. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки давлатсозиву давлатдорӣ, хусусан дар шароити пурмоҷарову ҳассоси ҷаҳони имрӯза, кори осон нест.
Ҳаёт ва фаъолияти мардони асили вилоят, аз қабили Шириншоҳ Шоҳтемур, Сайфулло Абдуллоев, Мастибек Тошмуҳаммедов, Баҳодур Искандаров, Мирсаид Миршакар, Моёншо Назаршоев, Додхудо Назаршоев, Отамбек Некқадамов, Бӯрибек Худобахшов, Ғарибшо Шаҳбозов, Рустамбек Юсуфбеков ва дигар ҳамсафони онҳо барои ҳар як ҷавони имрӯза мактаби дарсу ҳунар ва таҷриба буда, шумо, ҷавонони азиз, бояд онро доим таҳлил ва дар зиндагии ҳаррӯзаатон васеъ истифода баред.
Ман ба азму иродаи қавии ҷавонмардони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон итминони комил дорам ва умедворам, ки ҳар яки шумо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми ватанпарваронаи худро мегузоред.
Ҳамеша сарбаланду сарфароз бошед, ҷавонони бонангу номуси Бадахшон!