Хоҷагиҳои шаҳри Исфара дар доираи Барномаи рушди СММ бо ҳафт экскаватор-боркунанда таъмин гардиданд. Техникаҳои мазкурро менеҷери Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Анатолий Холматов ба обистифодабарандагон супорид. Тавре сармуҳандиси Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Исфара Акбаралӣ Аҳадов ба мо иттилоъ дод, ба идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳрҳои Конибодому Исфара, Федератсияи истифодабарандагони оби шаҳри Конибодом, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби «Чоркӯҳ», «Матпарӣ», «Меҳнатобод-Ворух» ва «Ғузлон» яктоӣ экскаватор дода шуд. Дастрас шудани техникаҳои фавқуззикр хеле муҳиму саривақтӣ буда, барои тоза кардани каналҳои дохилихоҷагӣ, кам кардани талафоти об, беҳтаркунии истифодаи системаи обёрӣ мусоидат менамоянд.
Бояд гуфт, ки айни замон дар шаҳри Исфара зиёда аз 30 канал бо дарозии 160 километр мавҷуд мебошад. Аз ин каналҳо шаштоаш — «Масчоҳӣ», «Дам», Қаирма», «Ҷӯйи нав», «Қарабоғ» ва «Чилгазӣ» байнидавлатӣ буда, ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз оби он истифода мебаранд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»