Аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти мо мисли дигар манотиқи ҷумҳурӣ на он қадар нуфузи қавӣ доранд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ВМКБ тамоман зарурат надорад. Мардуми ин минтақаи кӯҳистон имону эътиқоди худро на ба ҳизби наҳзат, балки ба Худои яккаву ягона бахшида, қарзи худро адо карда истодаанд. Дар бораи ҳизбе, ки номи поки исломро ба худаш часпонидааст, шунидан намехоҳанд. Агар роҳбарони ҳизб дар ҳақиқат тариқи ҳизб ба халқу миллаташон хизмат карданӣ бошанд, бигзор онро бе истифодаи номи Оллоҳу Ислом бо неруи сиёсати хешу қудрати зеҳнии аъзояшон сомон диҳанд, он тавре ки аҳзоби дигари ҷумҳурӣ мекунанд. Дар асл, Оллоҳу Ислом барои онҳо пардае беш нест, ки паси он бозиҳои тираро рӯи кор меоранд. Аз ҷумла дар ҳамбастагӣ бо қувваҳои бегонапараст ва эмиссарони кишварҳои исломӣ ғаразҳои сиёҳу сиёсии худро амалӣ кардан мехоҳанд. Ҳамзамон бахши ҳизб дар ҳудуди вилоят бо саркардагон ва фаъолони гурӯҳҳои мутаассибу ифротгаро забон як карда, бо ин роҳ сафи аъзо ва тарафдорони худро аз ҳисоби ҷавонони камсаводи дунёбехабар зиёд намуданианд.
Маълум аст, ки аксарияти аъзои ин ҳизб зодагони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз ва алалхусус водии Язғулом мебошанд. Рости гап, вокуниши Зубайдуллоҳи Розиқ ва дигар масъулони ҳизби номбурда моро ба хулосае меорад, ки ҳамаи аъзои ҲНИТ аз раёсат cap карда, то узви одитарини он, чунин ақида доранд, ки агар ҲНИТ баста шавад, гурӯҳҳои зиёди экстремистӣ пайдо мешаванд, ки назорати давлат аз болои онҳо душвор мегардад. Ба андешаи онҳо ҳамаи масҷидҳо низ оҳиста — оҳиста баста мешудаанд. Ин ҳама иғвоҳои навбатии ин ҳизб мебошанд, ки бо ҳар роҳ мехоҳад ҲНИТ аз байн наравад. Аз гуфтаҳои масъулони ҳизб чунин бармеояд, ки бо баста шудани ҳизби наҳзат гӯё нисфи мавҷудоти олам нобуд мегардаду Тоҷикистон ба оташхона табдил меёбад, зеру забар мешавад, ободиҳову бунёдкориҳо ба коми адам мераванд. Чунин бармеояд, ки кулли суботу оромӣ, бунёдкориҳову созандагиҳо, комёбиҳо, пайваста баланд гардидани сатҳи рӯзгори мардум, ки дар Тоҷикистон рӯи кор омадааст, натиҷаи хизмати ҳизбиёни наҳзатист.
Аҷабо, роҳбарияти ҲНИТ шояд хизмати ҳизбиёнашонро дар солҳои 90-уми асри XX, ки оташи ҷанги бародаркушро барафрӯхта буданд, фаромӯш карда бошанд. Аз «хизмат»-и ин ҳизб қариб буд, ки Тоҷикистон аз харитаи сиёсии дунё бардошта шавад. Хизмати хирсонаи онҳо буд, ки номи баланди миллати тоҷик ба замин зад. Чанд муддат кас наметавонист, ки аз ифтихори миллӣ, шараф, номус, имон, фарҳанг, таърих ва дигар арзишҳои милливу инсонӣ забон кушояд. Мо- як зумра шоҳидони манзараи он солҳои шум хостори онем, ки ин ҳизб на танҳо барҳам дода шавад, балки дар назди қонун ҷавоб ҳам диҳад. Ин садои дили мардуми Бадахшонзамин аст, ки дар дилхоҳ суҳбати одӣ бо ҳар нафари худшиносу худогоҳи ин сарзамин эҳсос карда мешавад. Масъулони ҳизбӣ мегӯянд, ки «оҳиста — оҳиста масҷидҳо баста мешаванд». Аҷиб, байни ҳизби сиёсӣ ва масҷид чӣ алоқамандӣ буда метавонад? Албатта, маълум аст ҳизби наҳзат мехоҳад, ки масҷидҳоро ба манфиати ғаразноки сиёсиаш истифода барад.
Як чиз моро сахт ба ҳайрат мегузорад, сарони ҳизби наҳзат дида истодаанд, ки имрӯз кулли мардуми тоҷик ҷонибдори баста шудани ин ҳизб мебошанд, аммо онҳо алайҳи дархости сокинони ҷумҳурӣ гом мениҳанд. Агар ҳизби наҳзат дар ҳақиқат ҳам ба манофеи халқу миллаташ хизмат мекард, амсоли онро дар Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон ҳам мекушоданд.
Чаро Муҳиддин Кабирӣ ва дигар масъулони ҳизб боре ҳам дар ин бора намеандешанд? Ё зери шиори «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» мезиянд.
Ҳатто вақтҳои охир воҳимаро аз ҳад гузарондаанд, мегӯянд, ки бастани ҳизби исломӣ дар шароити кунунӣ ҳаргиз бар нафъи Тоҷикистон ва умуман минтақа нест, зеро бастани он роҳро барои тундравҳо, ба мисли «Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Давлати исломӣ» ва мисли инҳо ҳамвор мекарда бошад. Шояд баръакс бошад, балки мавҷудияти ин ҳизб роҳро барои тундгароён ҳамвор кунад?! Вале як чиз мусаллам аст: мардуми тоҷик дигар аз паи чунин иғвову дасисаҳо намеравад, чунки як бор фирефтаи бозиҳои хизбӣ шуда буданд. Медонанд, ки онҳоро чӣ гуна бадном сохтаву кишварро ба хоку хун кашиданд.
Аз ин рӯ, андеша дорем, ки агар бар ин зумра «дину диндорон» лаҷом зада нашавад, Ватанро нобуду миллатро ҷоҳилу ваҳшӣ мекунанд. Барои мо Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, Мисру Лубнон бояд дарси ибрат шавад. Мо намехоҳем ба ҷаҳолати асримиёнагӣ баргардем. Ба фармудаи шоири ватандӯсти тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ:
Ҷаҳон cap ба cap ҳикмату ибрат аст,
Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст?
Барои ҳамин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бояд дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз саҳнаи сиёсӣ берун карда шавад. Вазифаи ҳизб аз номи дину Худову Расул, арзишҳои динию мазҳабии мардум суиистифода кардан нест.
Дар атрофи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бояд босаводтарин сиёсатмадорон, варзидатарин мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гирд оварда шаванд, то тавассути барномаҳои корию воқеии хеш зиндагии мардумро беҳбуд бахшанд ва роҳҳои берун шудан аз буҳронҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро нишон диҳанд. Аммо ин ҳизб чунин қудрат надорад, 99 фоизи аъзояш на танҳо камсавод, балки бесаводанд. Бидуни чанд ояти Қуръон ба чизи дигаре балад нестанд.
Мо огоҳем, ки пешвоёни наҳзатиҳо баъзан бо виқору фахр Ҳизби наҳзати исломиро «ҳизбуллоҳ», «ҳизби Худо», «пойбанд бар асоси исломӣ» меноманд. Дар муқобил ҳизбҳои дигарро ҳизбҳои зидди Худо эълон мекунанд. Таъкид мекунанд, ки дар пушти аъзои ҳизби наҳзат ҳам «қонуни давлат» ва ҳам «қонуни Худо» меистад. Ин магар боиси тафриқа ва фитна намешавад?
Рафтору кирдори собиқ раиси бахши ҲНИТ дар Бадахшон Саодатшо Адолатов дар водии Язғуломи ноҳияи Ванҷ мисоли дигарест, ки симои наҳзатиёнро ба куллӣ фош сохтааст. Ӯ хатмкардаи мактаби исломии Покистон буд. Пас аз он ки раисии бахши ҲНИТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба уҳда гирифт, бо истифода аз номи дини мубини ислом ва суиистифода аз мақому мартабаи худ миёни наврасону ҷавонон ва умуман аҳли деҳа тухми нифоқу низоъ коштанро оғоз кард. Аз ҷумла мардумро ба шиаву суннӣ ҷудо карда, миёни онҳо тафриқа андохт. Таъкид менамуд, ки бо аҳли шиа салом додан, дар паҳлуяш намоз хондан, хешу таборӣ кардан, ба хонаи онҳо даромадан, таоми онҳоро хӯрдан ва ғайраву ҳоказо ҷоиз нест. Дар ҳоле ки сокинони ин деҳа як авлоданд, ҳамсояанд, як забон доранд. Онҳо на авлодро ба назар мегиранду на хешу табориву на одамгариро. Ҳамчунин Саодатшо Адолатов, ба хотири зиёд намудани ҳамандешони худ дар гирду атрофаш наврасони зиёдеро ҷамъ намуда, бо андешаҳои тундгароёнаву экстремистӣ афкори онҳоро заҳролуд менамуд. Ин чеҳраи наҳзатӣ бори дигар симои аслии ҳизбашро барои мардуми вилоят аз наздик ошно намуд.
Сокинони шарифу сарбаланди вилоят ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҳизбро қабул ва ба он ниёз надоранд. Ба андешаи мо, вожаи ҳизби мусалмонӣ бояд вуҷуд надошта бошад. Мусалмонӣ дар билети ҳизбӣ нест, мусалмонӣ дар эътиқод, дар дили поку бекина, дар одамгарӣ, дар илму фарҳанги баланди инсонӣ аст, охир мусалмон бе ҳизб ҳам мусалмон аст, дин пок аст, онро набояд бо сиёсат олуда кард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҲНИТ дар ягон давр вуҷуд надошт, зеро ба он эҳтиёҷе надорад. Баъд аз солҳои 90-уми асри гузашта гӯё ин ҳизб дар ВМКБ фаъол бошад, дар асл, ин бофтае беш нест. Ду-се нафаре, ки мавҷуд буданд, дар Ванҷу Дарвоз ва Язғулом буданд. Теъдоди аъзои ҳизбро, ки ба марказ пешниҳод мекарданд, билкул дурӯғ буд. Аз ин лиҳоз, мегӯем, ки ин ҳизб дар ВМКБ набуд, зеро он барои ин мардум заррае ҳам лозим нест.
Бо эҳтиром Кишвар Худобердиев, Гулбегим Муборакқадамова, Раҳим Шоймардонов, Назокат Нафасшоева ва як гурӯҳ сокинони ВМКБ