Санаи 10 августи соли 2015 фарзанди шарифи Тоҷикистон, ходими намоёни сиёсию ҷамъиятӣ, дипломати варзида ва соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ, раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев 70-сола мешавад.
Сайдулло Хайруллоев нахустин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мардум ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро чун роҳбари ғамхору пуртаҷриба ва сиёсатмадори барҷаста мешиносанд.
Сайдулло Хайруллоев панҷ даъват вакили Парлумон ва дар ду даъват Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Коршиносони масоили сиёсӣ ӯро шахсияти нотакрор номидаанд. Сайдулло Хайруллоев шахсиятест, ки дар кураи зиндагӣ обутоб ёфта, зимни фаъолияташ дар вазифаҳои масъулу баландпоя таҷриба андӯхта, заркору гавҳаршинос, инсони поку комил гардидааст.
Маҳз ҳамин таҷрибаи ғании ӯро дар арсаи сиёсат ба эътибор гирифта, соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба поён ёфтани ваколати вакилиаш хизматҳои шоистаи Сайдулло Хайруллоевро қадрдонӣ намуда, чунин таъкид карда буданд: «Мо аз хизматҳои Сайдулло Хайруллоев дар муҳити сиёсии мамлакат самимона қадрдонӣ менамоем ва дар оянда низ аз таҷрибаи ин чеҳраи сиёсӣ барои наслҳои минбаъда истифода хоҳем кард». Саҳми таҷрибаи зиёди кориаш буд, ки имрӯз ҳам Сайдулло Хайруллоев маҳбуби дилҳои аҳли ҷомеа аст ва ҳатто дар солҳои бознишастагиаш низ раёсати яке аз идораҳои муҳими давлатиро бар уҳда дорад.
Сайдулло Хайруллоев ҳамчун Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, ки аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад, нақши муассир гузоштааст. Маҳз бо кӯшиши бевоситаи ӯ ва вакилони ҳамонвақтаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти намояндагӣ ва қонунгузор ба давраи нави инкишофи парламентаризми муосир дохил шуд.
Сайдулло Хайруллоев, ки то омаданаш ба парлумон обутоби сиёсӣ ёфта буд, барои насли имрӯза ва ояндаи кишвар мактаби бузурги омӯзиш аст. Номбурда ҳоло ҳам нисбат ба худ ва онҳое, ки ӯро дар муҳити кор иҳота кардаанд, серталаб аст. Таҷрибаи бузурги ҳаётӣ ва кордонӣ ба ӯ имкон медиҳад, ки гиреҳи ҳама гуна мушкилотро ба осонӣ кушояд.
Дар давраи раисии Сайдулло Хайруллоев дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони ҳамонвақта тағйироти бунёдиро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дарк намуда, таҳаввулоти бисёрҷонибаи ҳаёти ҷомеаро дар қонунҳои қабулкардаашон инъикос мекарданд. Мавзӯъҳои худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ваҳдати мардуми Тоҷикистон ҳамеша дар андешаи вакилон қарор гирифта буданд.
Сайдулло Хайруллоев пайваста фаъолияти вакилони парлумонро ба он равона мекард, ки демократия ва риояи қонун барои ҳама баробар татбиқ шавад, қонуну қонуният дар ҷумҳурӣ амалӣ гардад ва пеши роҳи ҳама гуна қонунвайронкуниҳо гирифта шавад.
Маданияти баланди сарварӣ, инсондӯстӣ, меҳрубонӣ, софдилӣ, хушмуомилагӣ, самимӣ будан аз ҷумлаи хислатҳое мебошанд, ки Сайдулло Хайруллоевро соҳибобрӯ гардонидаанд. Ӯ нисбат ба мутахассисони ҷавон бо ҳисси меҳрубонӣ ва ғамхорона муносибат намуда, дар симои онҳо кадрҳои болаёқати ояндаро мебинад.
Сайдулло Хайруллоев дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист як мактаби бузурги зиндагиро ба вуҷуд оварад, ки дигарон метавонанд аз ин мактаб баҳра баранд. Дар давраи сарварии ӯ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми олии қонунбарор, дар ҳақиқат, яке аз ғанитарин сарчашмаҳои қонунгузорӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Таносуб ва ҳамоҳангсозии кори бахшҳои гуногун дар он ба қадре дақиқ поярезӣ шудаанд, ки дар маҷмӯъ, як пойгоҳи устувори ҳуқуқӣ ва таърихи комилеро дар танзими паҳлуҳои гуногуни ҳаёти инсон ва тадбири умури зиндагӣ ба вуҷуд оварда тавонистааст.
Сайдулло Хайруллоев аз ҷумлаи он забардастонест, ки барои халқу Ватанаш софдилона ва фидокорона хизмат кардааст. Адолатпешагиро шиори кору зиндагиаш қарор додааст.
Сайдулло Хайруллоев хислатҳои наҷиби ҷавонмардиро аз падари бузургвораш омӯхтааст. Шодравон бобои Хайруллоро то кунун мардуми деҳаи Муллобадал ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт боэҳтиром ба ёд меоранд. Эшон, ки хизматчӣ буданд, аз зумраи он шахсиятҳои таърихие ба ҳисоб мерафтанд, ки дар сохтани мактабҳову ободонии деҳот ва кушодани роҳҳои мошингарди ин мавзеъҳо саҳми арзанда гузошта буданд.
Сайдулло Хайруллоев каломи бадеъро дӯст медорад. Ашъори Ҳофиз, Бедил, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва ашъори адибони муосирро зиёд мутоила менамояд.
Дар бораи ин шахсияти барҷаста китобҳо иншо намоем ҳам кам аст. Хидматҳои бузурги Сайдулло Хайруллоев арзиши достонҳои зиёдеро дорад.
Мо Шумо, муҳтарам Сайдулло Хайруллоев, фарзанди шарифи Тоҷикистон, сиёсатмадори бузург, ходими намоёни сиёсию ҷамъиятӣ, дипломати варзида ва соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ, нахустин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси хирадманду накукор, пири батадбир, яке аз муборизони фаъоли сулҳу ваҳдати миллиро самимона бо ҷашни мубораки 70-солагиатон таҳният мегӯем.
Шумо аз ҷумлаи он абармардонед, ки саропо дорои ифтихори миллии тоҷикона буда, тамоми ақлу дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро сарфи шукуфоии кишвари азизамон кардаед. Зиндагиномаи Шумо ҳамчун шахсияти барҷаста саропо намунаи ибрат буда, омӯхтанист.
Шумо ба сифати раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар таҳкими дӯстии байни қавму миллатҳо ва тақвияти фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда доред. Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияти худ шоҳиди раисе мисли Шумо набуд, зеро интихоби Шумо ба унвони раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти куллӣ ва ҷиддиеро дар фаъолияти ин ниҳоди ҷамъиятиву фарҳангӣ ба вуҷуд овард. Таъсиси зиёда аз 20 ҷамъияти дӯстии дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, мулоқоту вохӯриҳои ҳаррӯзаатон бо сафирони мамлакатҳои хориҷӣ, чеҳраҳои намоёни фарҳангии кишварҳои гуногун, олимону ходимони барҷастаи соҳаҳои гуногуни мамолики ҷаҳон нишонаи соҳиби эҳтиром будан ва маҳбубият доштани Шумо ҳатто дар хориҷ аз кишвар аст.
Шумо дар давоми фаъолияти чандинсолаи худ дар соҳаҳои гуногуни кишвар, бахусус дар бахши таҳкими сулҳу субот нақши муассир доред. Нашри китобҳову асарҳо ва мақолаҳои сершумори Шумо илму маориф ва фарҳанги мамлакатро ғанитар кардаанд.
Ҳар ҳамватани мо аз заҳмату талошҳои Шумо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳуриамон ба хубӣ огаҳ аст, номи некатон дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун фарзанди фарзона ва ходими барҷаста абадан сабт хоҳад шуд.
Сарфароз гардидани Шумо ба мукофотҳои олии давлатӣ нишонаи қадрдонии заҳмату кӯшишҳоятон дар тамоми соҳаҳо мебошад.
Бароятон хушбахтиву сиҳатмандӣ, хуррамиву сабзии рӯзгор, пешрафту шукуфоӣ, баракати умр ва зиндагии хушу хуррамро таманно менамоем.
Аҳлиддин САЛОҲОВ, котиби Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон