Бо иқдоми Сарвари давлатамон соли 2015 «Соли оила» эълон гардид ва ба аҳли ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард, ки ҷиҳати аз байн бурдани нуқсони барои кишвар зараровар чораҳои қатъӣ андешанд. Яъне, Президенти мамлакат ҳушдор дод, ки ҷараёни таълиму тарбияи ҷавонон ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест. Бори дигар ӯ насли калонсолро ба роҳе ҳидоят намуд, ки ба ояндаи кишварамон робитаи қавӣ дорад. Сарвари давлат баробари эълони «Соли оила» ба дӯши падару модар ва аҳли ҷамоатчигӣ масъулияти бузургро гузошт. Акнун ҳар кадоми мо вазифадор ҳастем, ки ин ҳидояти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳаёт амалӣ намоем. Бояд падару модарон, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ якҷо ба таълиму тарбия машғул бошанд. Ҷавононро барои ҳаёти мустақилона тайёр намоянд ва дар муқобили падидаҳои номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бешак, оилаи солим бунёди ҳар як давлат ва халқи мутамаддин ба шумор меравад. Ҳар як фарди ба олам чашмкушода аввалан дар оғӯши оилаи худ рушду камол ёфта, сипас узви комилҳуқуқи ҷомеа мегардад. Вазъу чигунагии оила, муносибатҳои байни аъзои оила, дараҷаи маърифатнокии волидон ва масъулияти онҳо ба тарбияи фарзандонашон тақдири ояндаи кӯдакро муайян месозад. Тифле, ки дар оилаи солим тарбия меёбад, бешак муҳаббати ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва худшиносӣ дар замири ӯ бештару хубтар инкишоф меёбад.
Аз ҳамин лиҳоз, бахшида ба «Соли оила» тибқи Нақшаи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол дар деҳоти «Қашот», «Янгишаҳр», «Пилдон», «Сурхоб» ва «Ваҳдат» «Рӯзи оила» баргузор шуд. Ин ҳамоишҳо бо иштироки кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва сокинони деҳот доир гардиданд. Дар ин ҷамъомадҳо дар хусуси мақому манзалати оила, роҳҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи фарзандон ва ғайра суҳбатҳо ороста шуданд.
Ин анъанаи наву судбахш дар деҳоти «Алға», «Муксу» ва «Лахш» низ идома хоҳад ёфт. Дар деҳаи зебои Мук сокини деҳа, омӯзгор — Шомаҳмад Қутбиддинов, ки бо рафтору гуфтори нек, ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзандони арзанда байни аҳолӣ обрӯ ва эътибори зиёд дорад, бо иқдоми хеш барои ҳамдеҳагонаш «Рӯзи оила» барпо карданист. Омӯзгор бо як шавқу завқи зиёд барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур омодагӣ гирифта истодааст.
- Агар мо каме ҳам дар тарбияи оилаҳои ҷавон саҳм гузошта тавонем, маънои онро дорад, ки дар рушду нумӯи кишвари азизамон ҳисса гузоштаем, -гуфт дар суҳбат мавсуф.
Д.МИРЗО,«Садои мардум»