Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҷиҳати таъмини иҷрои супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақшаи рӯзи қабули шаҳрвандон ба маркази ноҳияи Балҷувон омада, арзи 14 нафар сокинони деҳотро дар ҳузури масъулони муассисаҳои ноҳиявию минтақавӣ ва вилоятӣ шунида, барои ҳалли масоили бамиёнгузоштаи онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Шаҳрвандон Комил Ҳасанов аз деҳаи Сари Мазор ва Музаффар Давлатов аз деҳаи Чорбоғи деҳоти ба номи Сафар Амиршоев, Бӯрихон Аминов аз деҳаи Оқбулоқ ва Наврӯз Холиқов аз деҳаи Солмолидашти деҳоти «Тоҷикистон», Малоҳат Файзова аз деҳаи Ҳамровиёни деҳоти «Балҷувон», Ҷиғагул Азизова аз деҳоти «Сарихосор» ва боз чанде дигарон оид ба соҳилбандии дарёҳо, таъмиру азнавзосии мактабҳо, ҷудо намудани замин барои сохтмони варзишгоҳ, гирифтани саҳми замин барои бунёди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва боз ба ҳамин монанд доир ба дигар мушкилоти зиндагии хеш арз намуданд.
Дар рафти қабули шаҳрвандон раиси вилоят арзи корманди шуъбаи фарҳанги ноҳия Малоҳат Файзоваро, ки ҳамроҳ бо се нафар хоҳарони дигари худ маризу нобино ва муҳтоҷ ба манзили зистанд, ба раиси ноҳия Маърифат Зоирзода супориш дод, ки аз бинои истиқоматии дар ҳоли итмом қарордоштаи маркази ноҳия ба онҳо дар навбати аввал хона ҷудо намоянд. Малоҳат Файзова, ки дар шуъбаи фарҳанг ба сифати сароянда фаъолият мекунад, бадоҳатан арзу сипоси худ ва хоҳаронашро тавассути як шеъри баландмазмун бо оҳанги ҷаззоб баён намуд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»