Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли ҷорӣ бо Раиси Палатаи намояндагони Парлумони Федералии Шоҳигарии Белгия Андре Флау мулоқоти судманд доир намуд.
- Мо равобити нек ва дӯстонаи сиёсӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумониро, омили муҳими муносибатҳои судманди дуҷониба медонем, — изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.
Гуфтугӯйи созанда доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои ду кишвар сурат гирифт.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳар ду ҷониб ҳавасмандии амиқи худро ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд таъкид доштанд.
www.president.tj