Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода масъалаи таъминоти аҳолӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ бо обро бисёр муҳим арзёбӣ карда, аз масъулони соҳа талаб кард, ки дар ин бобат тадбирҳои фаврӣ андешанд. Роҷеъ ба ин масъала мо бо чанде аз масъулон ҳамсуҳбат шудем. Маълум гардид, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла дар маркази ноҳия — шаҳраки Файзобод, талабот ба об низ зиёд шудааст.
- Имрӯз дар шаҳрак беш аз даҳ ҳазор нафар зиндагӣ доранд ва талаботи якрӯзаи онҳо ба об 20 000 кубро ташкил мекунад. Ин дар ҳолест, ки захираи обанбори мавҷуда нокифоя аст. Илова бар ин, сарфакорона истифода набурдани об аз ҷониби сокинон низ мушкилотро зиёд мекунад. Барои захираи бештари об ва интиқоли он аз мавзеъҳои Ҳафтчашма ва Чува қубурҳои мавҷударо таъмир мебояд кард. Барои анҷоми ин кор ҳанӯз маблағи кофӣ мавҷуд нест,- гуфт муовини раиси ноҳия Рустам Сафаров ва иттилоъ дод, ки барои ҷалби маблағгузорӣ бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ гуфтушунидҳо сар шудаанд. Дарозии хатти интиқоли об ҳафт километр аст. Бахши Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилӣ — коммуналӣ» дар ноҳия мувофиқи имкон таъмири баъзе қисматҳои онро анҷом медиҳад. Бо ҳалли масъалаи маблағгузорӣ ин кор таври мусбат анҷом хоҳад ёфт.
Айни ҳол мутахассисон муайян карданд, ки дар маркази ноҳия обҳои зеризаминӣ мавҷуданд ва бо кандани чоҳҳо ва мавриди истифода қарор додани онҳо масъалаи таъминоти аҳолӣ бо об хело беҳ мешавад.
Аввалин чоҳро соҳибкор Қаландар Буриев канда, аз чуқурии 20 метр об баровард. Ба нақша гирифта шудааст, ки 25 адад чунин чоҳҳо канда, мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар деҳоти ноҳия низ барои таъмини ҳар чӣ хубтари аҳолӣ бо об корҳои назаррас анҷом меёбанд. Чунончӣ, аз ҳисоби Хазинаи Оғохон ду барнома амалӣ мегардад. Тавассути ин барномаҳо ба деҳаи Карсанг (дар масофаи шаш километр) ва деҳаи Бунгакиён (қариб даҳ километр) хатти об кашида мешавад. Ин кор то якуми сентябри соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»