Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015 таҳти №261 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» тадбирҳо андешида мешавад. Дар шаҳри Роғун омодагиҳо ба фасли зимистон хуб ҷараён дорад. Дар ин бора зимни суҳбат бо хабарнигорамон муовини якуми раиси шаҳр Раҳимзода Исмоил Ғанӣ ибрози назар кард:
- Бо мақсади иҷрои қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси шаҳр «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Роғун барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» ба тасвиб расид. Нахуст ситоди махсус таъсис ёфта, нақша-чорабинӣ тартиб дода шуд ва тибқи он вазифаҳои ҳар як ташкилоту муассисаҳо таври мушаххас муайян карда шуданд. Ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот супориш дода шуд, ки барои давраи зимистон ба қадри зарурӣ сӯзишворӣ захира намоянд ва аз ҳоло таври ҳашар, бо дастгирии мақомоти марбута роҳу пулҳоро ба тартиб оранд. Аз буҷети маҳаллӣ барои таъмири роҳҳо 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Тибқи нақша ду километр роҳи деҳаи Чашмаи Куло мумфарш , роҳҳои байни деҳаҳои Қандак (1,5 километр), Эшонон ва Деҳқонобод (як километр) сангфарш мешаванд. Роҳи байни шоҳроҳи асосӣ то деҳаи Ҷавонӣ, ки шаш километр масофа дорад, аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.
Дар ҷаласаи ситод ба ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо супориш дода шуд, ки сӯзишворӣ, ангишт, ҳезум ва дигар маводи заруриро барои зимистон захира намоянд. Дар ин замина, симчӯбҳои куҳнашуда иваз ва хатҳои қувваи барқ гузаронида мешавад.
Дар раванди омодагӣ ба фасли сармо таваҷҷуҳи асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ дода шудааст. Дар ҳафт мактаб, боғчаи бачагонаи №1 ва беморхонаи марказӣ дегхонаҳои алоҳидаи бо сӯзишворӣ (ангиштсанг) ва барқ фаъолияткунанда сохта, ба истифода дода шуданд. Эҳтиёҷоти муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисоти тиббиро ба генераторҳои тавлиди неруи барқ ба назар гирифта, рӯйхати махсус омода гардид. Айни замон 29 муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ, ҳамчунин ду муассисаи тандурустӣ бо чунин генераторҳо таъмин шуд. Бо мақсади харидории 400 тонна ангишт барои муассисаҳои таълимӣ ва 30 тонна ангишт барои муассисаҳои тандурустӣ бо Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» шартнома баста шуд ва аллакай тоннаҳои аввалини ангишт ба шаҳр ворид гардид.
Дар шаҳр ду адад дегхонаи барқӣ фаъол аст ва ин дегхонаҳо дар мавриди маҳдудияти қувваи барқ истифода бурда мешавад.
Дар ҳудуди шаҳр ҳашт нуқтаи фурӯши ангишт ва ду нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият мекунанд. Ҳамзамон аз ҷониби соҳибкорон фурӯши сайёри ангишт ба роҳ монда шудааст.
Оид ба таъмири техникаю мошинҳо барои кори мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистон низ тадбирҳо андешида мешавад. Иҷрои бомуваффақияти нақша — чорабиниҳо ба он мусоидат мекунад, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон фаъолияти самарабахш ва мунтазами ташкилоту муассисаҳои шаҳр ба роҳ монда шавад.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»