Бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳи автомобилгарди Кӯҳистони Мастчоҳ — Ғончӣ тавассути ағбаи Оббурдон расман мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як моҳ қабл барои таъмири роҳи ағба беш аз 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Роҳи мазкур баъди таъмир масофаро барои рафтуомади сокинони ин ду ноҳия то 100 километр наздик кард.
А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»