Фарзандони хонаводаҳои зарардида аз офати табиӣ дар вилояти Суғд истироҳат ва таҳсил мекунанд. Ба иттилои муовини раиси вилоят Гулдаста Орумбекова 107 нафар хонандагон аз хонаводаҳои зарардида аз офати табиӣ моҳи июл ба осоишгоҳҳои вилояти Суғд сафар намуданд. Ба гуфтаи манбаъ бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ мактаббачагон дар осоишгоҳҳо дам мегиранд ва сипас таҳсилро дар мактабҳои он ҷо идома медиҳанд. Фарзандони хонаводаҳои зарардида нимсолаи аввали соли нави таҳсилро дар мактабҳои вилояти Суғд мегузаронанд ва бо анҷоми сохтмони манзилҳои нав ба хонаҳояшон бармегарданд.
Волидони фарзандони хонаводаҳои зарардида бо сипосгузорӣ аз ин иқдоми Ҳукумати кишвар бовар доранд, ки фароғату таҳсили фарзандонашон дар вилояти Суғд ба ҳолати равонии онҳо таъсири мусбат гузошта, ба таҳкими ваҳдат ва дӯстӣ байни наврасону ҷавонони манотиқи гуногун мусоидат мекунад.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»