Салимзода Шерхон Одина — раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо сокинони деҳаҳои Бедаку Ҳалқарфи деҳоти «Навдӣ»-и ноҳияи Рашт, ки 20-уми июли соли равон ҳангоми фаромадани сел хонаҳояшон осеб дида буд, суҳбат намуд. Пеш аз ҳама баъди изҳори ҳамдардӣ, ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати кӯтоҳ таъмин намудани шароити мусоиди зист ба зарардидагон супориши қатъӣ додааст ва ҳар коре, ки имрӯз ба ин хотир ба анҷом расонида мешавад, аз дастуру супоришҳои Роҳбари давлат маншаъ мегирад.
Ӯ аз ҳисоби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ, аз ҷумла ба он оилаҳое, ки хонаву дари хешро аз даст додаанд — 500 сомонӣ ва қисман зарар дидаанд — 250 сомонӣ кумаки пулӣ расонид. Ҳамчунин ҳангоми суҳбат хотиррасон кард, ки Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба суратҳисоби сохтмони деҳаи нав ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ мегузаронад.
Раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшоҳ Холиқ барои чунин қадршиносӣ нисбати сокинони ноҳия ба Сарвари давлат, роҳбарияти вазорату идораҳо, аз ҷумла Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Салимзода Шерхон Одина ба деҳоти «Лангари Шоҳ»-и ноҳияи Тоҷикобод омада, бо сокинони деҳаи Дараи Мазор, ки 24 июли соли равон аз ҳодисаи табиӣ осеб дида буданд, вохӯрда, ба онҳо низ кумаки пулӣ расонид.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир М. РИЗВОНОВ