Таъиноти кадрӣ дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

№110 (3411) 17.08.2015

20372270278_2ac5fec0f7_o (1)Чордаҳуми августи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои пурмасъулият таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

Абдураҳмон Азимов  бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ озод гардид.

Назиров Сафаралӣ аз вазифаи муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба вазифаи сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҷаъфарзода Муҳаммад Ҳайдар аз вазифаи муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ — сардори Раёсати корҳои тарбиявӣ озод гардида, сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин гардид.

Ҳамчунин сардорони раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Ба вазифаҳои сардорони отрядҳои як қатор гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва нуқтаҳои дидбонгоҳҳои Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Ғончӣ, Ашт ва Истаравшани вилояти Суғд афсарони соҳибтаҷрибаву корозмуда таъин карда шуданд.

Бо мақсади тақвияти мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳониро фарогирифта Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадии Ишкошим, Шӯрообод, Панҷ, ки тоза ба вазифаҳои пурмасъулият таъин гардиданд, талаб намуд, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳушёру зирак бошанд ва ҳар як ваҷаб хоки диёрро аз рӯи садоқат ба давлату миллат ҳифз намоянд.

Роҳбарони марказҳои таълимии «Ҳалқаёр» ва «Лангар» низ аз ҳисоби афсарони ҷавону корозмуда таъин гардиданд.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи кадрҳое, ки имрӯз ба вазифаҳои роҳбарӣ дар раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, баъди хатми донишгоҳҳои мамлакат ду маълумоти олиро дар донишгоҳу донишкадаҳои соҳавӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Қазоқистон бо дарёфти дараҷаи баланди тахассусӣ хатм намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз авзои номуътадили давлати ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, задухӯрду муқовимати гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ бо сохторҳои қудратии давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҳар як роҳбари ниҳод бо қотеъият назорати шабонарӯзӣ, таъмини амният ва осоиши мардумро талаб намуд.

Дар баробари вазъи хуби таъминоти моддию техникӣ ва таҷҳизоти муосири нигоҳубини сарҳад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ба ташкили хоҷагиҳои ёрирасон, истифодаи мақсадноки заминҳои ҳудуди қисмҳои низомӣ ва корҳои ободонию ниҳолшинонӣ диққати махсус дода шавад.

www.president.tj