Аз 11 то 16 августи соли 2015 дар Федератсияи Россия Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 август мулоқоти ҳайати расмии ҷониби Тоҷикистон бо муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Алла Манилова сурат гирифт. Тарафҳо доир ба масоили вусъати муносибатҳои фарҳангӣ, табодули таҷрибаҳо, бозомӯзии мутахассисон ва афзун намудани теъдоди квотаҳо барои таҳсил дар муассисаҳои олии фарҳангу ҳунари Федератсияи Россия изҳори андеша намуданд.
Маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар толори Кохи «Филармония-2» -и шаҳри Москва оғоз гардид. Қабл аз ин маросим намоиши аксҳо ва либосҳои муосиру миллии тоҷик, ки инъикосгари урфу одат, манзараҳои зебо ва дастовардҳои замони Истиқлолият буданд, баргузор шуд.
13 август гурӯҳи сарояндагон ва мутрибон дар толори Театри давлатии «Ҳунарманди Синамо»-и шаҳри Москва ва 15 август дар шаҳри Раменское савту навоҳои дилошӯби миллиро пешкаши тамошобинон гардониданд, ки дар он роҳбарияти шаҳр ширкат намуда, ба ҳунарнамоии санъаткорони Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ ансамбли рақсии «Базморо» ва гурӯҳи доиранавозони шаҳри Хуҷанд дар Фестивали байналмилалии фарҳанги халқҳои ҷаҳон «Қаламрави сулҳ»-и шаҳри Калининград ширкат варзиданд. Дар ин фестивали бонуфуз намояндагони Федератсияи Россия, Туркия, Ҳиндустон, Кипр, Полша, Дания ва Италия низ иштирок доштанд.
Дар ин радиф, рӯзи 14 август вохӯрии ҳайати расмии Тоҷикистон бо муовини раиси Ҳукумати вилояти Калининград Алексей Силанов ва вазири фарҳанги вилояти Калининград Светлана Кондратева доир шуд, ки дар он вусъати робитаҳои фарҳангӣ мавриди назар қарор гирифтанд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бори дигар собит сохт, ки чунин тадбирҳо баҳри таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, дӯстии халқҳо такони ҷиддӣ бахшида, саҳифаҳои тозаро дар таърихи муносибатҳои тарафайн боз менамоянд.
АМИТ «Ховар»