Оғози сафари расмӣ ба Туркманистон

№112 (3413) 21.08.2015

20698002176_630c401320_oCафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон субҳи 20 августи соли 2015 бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар майдони «Истиқлол»-и шаҳри Ашхобод оғоз ёфт.

Барои истиқболи меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ин майдони зебо бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои горди фахрии Туркманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Минбаъд маросими бошукӯҳи истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани Сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳар ду давлат аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии кишвари мизбон, салом арза доштан ба афсарону сарбозони горди фахрӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва корпуси дипломатии муқими Ашхобод идома ёфта, бо расми гузашти низомии ҷузъҳои горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат, Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳаммадов оғоз ёфт.

Президенти Туркманистон таъкид намуд: «Мо сафари расмии Шуморо ба кишвари худ басо муҳим мешуморем, зеро Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр масоили минтақавию ҷаҳонӣ, бахусус дар бахши ҳифзи амну субот ва сулҳу салоҳ мавқеи ҳамсон доранд». Гурбонгули Бердимуҳаммадов ҳамчунин ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат ва илму фарҳанг баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки ин ба манфиати ҳар ду ҷониб аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҳамсону ягона доштани Тоҷикистону Туркманистонро доир ба аксари масоили байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгаройӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳонӣ басо муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки чунин мавқеъгирӣ заминаи хубе аст барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мулоқоту музокироти имрӯза ба рушди муносиботи ду кишвари дӯст мусоидати фаъол мекунад.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расидани панҷ санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ, телевизиону радио, китобдорӣ ва ғайра дар назар аст.

www.president.tj