Ба истиқболи 24 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд «Ярмарка — фурӯши лавозимоти мактабӣ» ба кор оғоз кард. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи «Ярмарка-фурӯши лавозимоти мактабӣ» суханронӣ намуда, гуфт, ки омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ҳамасола баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода, бо хониши аъло ва ахлоқи намунавӣ барандаи чандин озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси ягонаи мактабӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар ниҳоди хонандагон тасмим гирифт, ки ҳар як мактаб дар намуди алоҳида соҳиби либоси мактабии худ гардад. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ярмарка нархи маҳсулот нисбат ба бозор то 20 фоиз арзонтар аст.
Мутобиқи талаботи дастурамали либоси тавсиявии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Нассоҷи Хуҷанд», «Текстил-Сити», «Модерн», «Шероз», «Раҳимӣ», «20 — солагии Истиқлолият», «Наргис», «Асри тиллоӣ», «Банорас», «Парки технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон», «Алёнка», «Бофанда» ва соҳибкорони инфиродӣ «Мансурова», «Ҷамолов», «Юсупова, Гулрухсор», «Турсунова» ҳамаи толибилмон бо либоси мактабӣ таъмин гашта истодаанд.
Дар рафти ярмаркаи мазкур аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 200 нафар кӯдакони камбизоат ва ятим либосҳои ягонаи мактабӣ тақдим карда шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар соли хониши нав дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд 33 ҳазору 642 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»