Маросими ҳаҷ аз ҷумлаи рукнҳои панҷгонаи дини мубини ислом аст. Ҳаҷ дар луғат ба маънои қасд кардан ва оҳанги коре намудан аст. Ва дар истилои шариати ислом ҳаҷ иборат аз қасд кардану ҳаракат кардани мусулмонони тавонманд ба сӯи хонаи Худо барои анҷом додани амалҳои махсус омадааст.
Хурсандиовар аст, ки баъди ноил омадан ба истиқлолият ҳар сол садҳо нафар сокинони кишвари азизамон ба зиёрати хонаи Худо комёб мегарданд. Дар ин радиф хоҳишмандон аз ноҳияи мо низ кам нестанд. Ин ҳама хуб аст. Инак, пас аз чанде боз мавсими омодагӣ ба сафари хонаи Худо оғоз меёбад. Бешубҳа, хоҳишмандон чун солҳои қаблӣ хеле зиёданд. Бисёр мехостем огоҳӣ дошта бошем, ки пеш аз ин сафари муборак эшон чӣ корҳои неку хуберо анҷом додаву бо чӣ дастовез ба тавофи Каъба равонаанд.
Оё тавонмандоне, ки қасди зиёрати хонаи Худоро доранд, рукни дигари ислом — додани закоти молашон ва гирифтани дасти ятиму дармондагонро ба сомон расонидаанд? Ҳоҷиён, ки баъди зиёрати хонаи Худо гуноҳҳояшон шуста мегардад, бояд иҷрои кори хайру савобро пешаи хеш қарор диҳанд. Тавре дар ҳадисе омадааст: Анас ибни Молик (р) аз Расули Акрам (с) фармудаанд, Аллоҳ таъоло заминро болои об халқ кард, замин ба ҳаракат даромад, қарор нагирифт. Аллоҳ таъоло кӯҳҳоро болои замин офарид, замин аз ҳаракат бозмонд. Фариштагон муноҷот карда гуфтанд: Аллоҳ аз кӯҳ бақувваттар чизе халқ карда бошӣ? Ҷавоб шуниданд, ки аз кӯҳ бақувваттар оҳан, аз оҳан бақувваттар оташ, аз оташ бақувваттар об, аз об бақувваттар бод, аз ҳама чизе, ки зикр кардем, бақувваттар садақоти фарзанди одам аст, ки садақотро пинҳонӣ ба дарвешону ҳоҷатмандон медиҳанд. Вақте ки Иброҳими Халил хонаи Каъбаро бунёд кард, Ҷабраил (а) ваҳӣ овард, ки Парвардигор аз ободии хона хушнудӣ накард. Иброҳим (а) гуфт: чӣ кунам, ки Парвардигори ман аз ман хушнуд бошад? Гуфт: вайронаеро обод кун.
Гуфтаанд, ки шахсе ятимеро хушнуд карда бошад, гӯё дар ҳар рукни хонаи Худо ҳазор ракаат намоз гузошта бошад. Абӯбакри Сиддиқ (р) аз Расули Худо (с) мепурсад, ки дар як рӯз чанд садақот кунам? Мефармояд: се саду шасту шаш садақот бикунед. Абӯбакри Сиддиқ (р) мегӯяд, ман чунин дороие надорам. Мефармояд: сари ятимеро сила кардан садақот, сангеро аз роҳ дур кардан садақот, салом додан ба марди мусулмон садақот, яъне як бор субҳоналлоҳ гуфтан сесаду шасту шаш садақот аст. Ҳикмату ривоятҳо моро водор месозанд, ки ҳар чӣ бештар кумакрасони якдигар бошему барои охирати худ дастмузде аз хайру саховат омода гардонем.
Боиси зикр аст, ки соле пештар дар ноҳияи Файзобод хазинаи «Саховатмандони диёр» таъсис ёфт. Боиси қаноатмандист, ки дар муддати на чандон тӯлонӣ ин ташаббуси наҷибро сокинони ноҳия хуш пазируфтаву дастгирӣ карданд. Ҳарчанд ин ҷо ҳам ёфт шуданд шахсоне, ки бар ивази ба ободии диёр даст задан, пайи ҳар гуна суханони носазо шуданд.
Дар «Гулистон»-и Саъдӣ ҳикояти ҷолиберо хонда будам: «Писарчаеро назди подшоҳ меоранд. Ба подшоҳ рафтору гуфтор ва дониши писарбача писанд меафтаду ӯро сарвазири худ таъин менамояд. Баъди чанде подшоҳ он писарро назди худ хонда, аз корҳои анҷомдодааш пурсон мегардад. Писарбача мегӯяд: — Дар давлати подшоҳ якеро ба зару сим, дигареро бо сухан наздики худ гардонидам, аммо ҳасудхӯрро ба чизе наздики худ гардонида натавонистам». Аз ин ҳикоят бармеояд, ки ҳасудонро табиат чунин асту ёрои ободию созандагӣ надоранд.
Вале ҳастанд саховатпешаҳое, ки мақсаду маромашон ободии Ватану диёр аст. Ҳамин буд, ки чунин афроди дасткушоду бохайру сахо ташаббуси «Саховатмандони диёр»-ро дастгирӣ карданд. Бахусус сокинони ноҳия — онҳое, ки нияти зиёрати хонаи Худо доштанд, пеш аз сафар кори зиёди неку созандагиро ба ҷо оварданд. Аз ҷумла А. Саидов бо ҳамсараш Гулширмоҳ Ҷабборова сокинони деҳаи Нодирӣ барои таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами дуюм 16200 сомонӣ, ҳоҷӣ Карим Мирзоев, сокини деҳаи Сомониёни деҳоти Меҳробод барои таъмири бунгоҳи тиббӣ 8600 сомонӣ, ҳоҷӣ Мирзо Ашӯров барои иваз кардани тирезаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами шашум 12000 ҳазор сомонӣ, Иззат Каримов барои ташкили корхонаи дӯзандагӣ 22000 сомонӣ, ҳоҷӣ Файзалӣ Саидов, сокини деҳаи Сурхдара, барои таъмири мактаб ба маблағи 10000 сомонӣ, ҳоҷиён Достӣ Раҳимов ва Соро Тағоева, сокинони деҳаи Чуқурак, барои таъмири бунгоҳи тиббӣ ба маблағи 7500 сомонӣ ва чанде дигаронро метавон ном бурд, ки корҳои хайреро пеш аз ин сафари муборак анҷом доданд.
Мутаассифона, ҳастанд тавонмардоне, ки давлату сарвати калон доранд, аммо ҳимматбаландиву саховатпешагӣ ба ёдашон намерасад. Яъне, ба қавле ҳимматашон ночиз аст. Чуноне дар урфият мегӯянд:
Давлататро фил бардорад, миёнаш бишканад,
Ҳиммататро паша бардорад, Ҳиндустон барад.
Ҳамарӯза аз воситаҳои ахбори омма огоҳӣ меёбем, ки Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон барои ободию зебоии Ватану диёр кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. Ин иқдомҳои нек моро водор месозад, ки барои бунёдкорию созандагии Ватану диёр бештар камар бандем, зеро дӯст доштани Ватану диёр аз гӯшаи имондорист, тавре дар оғоз ёдовар шудем, имсол шахсони зиёде аз саросари кишвар азми сафари хонаи Худо доранд. Хуб мебуд, агар ҳоҷиён пеш аз ин сафари нек корҳои хайру саховатмандиро пешаи худ қарор медоданд, зеро барҳақ Фахриддини Ироқӣ фармуда:
Ба тавофи Каъба рафтам, ба ҳарам раҳам надоданд,
Ки буруни дар чӣ кардӣ, ки даруни хона ойӣ.
Дари дайр мезанам ман, зи дарун садо баромад,
Ки даро-даро Ироқӣ, ки ту худ ҳарифи моӣ.
Тиллои СОҲИБНАЗАР, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ноҳияи Файзобод