Аз 24 то 29 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Академияи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе якумин Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба Ҳаракати олимпӣ миёни ҷавонони ин давлатҳо баргузор мегардад.
Наздик ба 60 нафар иштирокдорони Олимпиада, ки ҷавондухтарон ва ҷавонписарони синни аз 18 то 25 — соларо ташкил медиҳанд, аз ҳашт ҷумҳурии ИДМ — Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон дар ин чорабинӣ иштирок менамоянд.
Мақсад аз гузарондани ин Олимпиада омӯзиши ҳаматарафаи таърихи пайдоиш ва рушди Ҳаракати олимпӣ, ақидаҳои асосӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва сулҳу дӯстӣ байни миллатҳои давлатҳои аъзо мебошад.
Ба Барномаи Олимпиада — тест (250 савол) оид ба таърихи рушди Ҳаракати олимпӣ, аз таърихи дунёи қадим то имрӯз ва мусобиқаҳо аз панҷ намуди варзиш: дав ба масофаи 100 метр, дав ба масофаи 1000 метр, ҷаҳиш, турниккашӣ (ҷавонон) ва афшурдан аз курсӣ (духтарон), инчунин санҷиши чандирии (пресси) бадан дохил мешаванд.
Ба ғолибони алоҳида ва дастаҳо медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.
АМИТ «Ховар»